Артиши миллӣ тоҷикӣ намешавад. Ҳукумат тарҳи тоҷикӣ кардани рутбаҳои низомиро напазируфт

Баробариҳои тоҷикии рутбаҳои низомии артиши Тоҷикистон, ки чанд сол пеш аз сӯйи донишманд ва пажуҳишгари тоҷик Умед Ҷайҳонӣ сохта ва дар доираи як гурӯҳи кории вижа баррасӣ шуда буданд,  аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пазируфта нашудаанд.  Рутбаҳои артиши миллии Тоҷикистон дар шакли кунунӣ боқӣ мемонад. Дар ин бора раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадзода дар нишасти […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Баробариҳои тоҷикии рутбаҳои низомии артиши Тоҷикистон, ки чанд сол пеш аз сӯйи донишманд ва пажуҳишгари тоҷик Умед Ҷайҳонӣ сохта ва дар доираи як гурӯҳи кории вижа баррасӣ шуда буданд,  аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пазируфта нашудаанд. 

Рутбаҳои артиши миллии Тоҷикистон дар шакли кунунӣ боқӣ мемонад. Дар ин бора раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадзода дар нишасти матбуотии имрӯз хабар дод.

Номубурда ҳамчунин, гуфт, ин тарҳ на аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот, балки аз сӯйи муасисаҳои дахлдор ба ҳукумат пешниҳод шуда буд ва мутаассифона он нагузашт.

– Гурӯҳҳои корӣ барои пешниҳоди ин тарҳ ба ҳукумат фаъолият доштанд. Мутаассифона, ин чиз нагузашт ва имрӯз дар ҳамун шакле ки дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст, монд,- гуфт Олимҷон Муҳаммадзода.

Раиси Кумитаи ҳамчунин гуфт, хулосаи кумита барои дигар кардани рутбаҳои низомӣ чанд сол қабл гирифта шудааст ва бо пайдо шудани шароит ва имконитя мумкин, ки номи рутбаҳо дигар карда шавад.

Ин тарҳ аз ҷониби Кумитаи забон пешниҳод нагардидааст, гуфтани раиси ин ниҳод дар ҳолест, ки моҳи феврали соли 2021 сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита Абдураҳим Зулфониён гуфта буд, ки Кумита ахиран тарҳи баробарӣ ё гузинаи тоҷикии рутбаҳои низомӣ дар артиш ё Қувваҳои мусаллаҳро ба Ҳукумат Тоҷикистон пешниҳод кардааст.

Он замон гуфта мешуд, ки ин тарҳ аз сӯйи як коргуруҳи босалоҳияте, ки ду сол пеш ташкил шуда буд, омода шудааст.

Зулфониён дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» гуфт дар сурати пазируфта шудани тарҳи пешниҳодӣ аз сӯйи ҳукумат рутбаҳо чунин хоҳанд буд:  

«Ефрейтор – радабон, младший сержант – даставар, сержант – дастаёр, старший сержант – дастабон, старшина – сардаста, прапорщик – силаҳбон,  лейтенант –  таҳамдор, капитан – таҳамтан, майор – саргурд,  подполковник – сарҳангёр, полковник – сарҳанг, генерал – солор, генерал-майор – гундсолор, генерал-лейтенант – лашкарсолор, генерал-полковник – сипаҳсолор ва генерал армии – артишсолор».

Бори нахуст ин баробариҳои тоҷикии рутбаҳои низомиро чанд сол пеш донишманди тоҷик, Умед Ҷайҳонӣ коркард ва ба баррасии мақомот ва донишмандон пешниҳод карда буд.

Умед Ҷайҳонӣ дар як суҳбат ба "Азия-Плюс" дар мавриди пазируфта шудан ё нашудани пешниҳодҳо аз сӯйи мақомоти зидахл чунин гуфта буд:

"Дар Тоҷикистон танҳо як кас тасмимгиранда аст ва ӯ ҳам касе ҷуз раисҷумҳур нест. Агар вай тасмим бигирад, ки дар 30-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон низомиён бо дараҷаҳои низомии тоҷикӣ режа бираванд, ҳамин фардо ҳама ниҳодҳо ин пешниҳодро тасвиб хоҳанд кард. Ҷуз аз раисҷумҳур дигар масъулину ниҳодҳо на иродаашро доранду на хосташро".

Моҳи октябри соли 2020 масъулони Вазорати дифоъ низ ба "Азия-плюс" гуфта буданд, ки миллӣ кардани дараҷаҳои низомии артиш фақат аз ниҳоди онҳо вобаста нест. 

Бояд гуфт, ки чанд  сол пеш дар Тоҷикистон мақомот тасмим гирифтанд, ки дараҷаҳои низомӣ ё рутбаҳои Артиши миллии Тоҷикистонро миллӣ кунанд. Дар ин замина комиссияи муштараке  ташкил шуд. Коргурӯҳи муштараки вожагузинии Кумитаи забону истилоҳот ва Вазорати дифоъ барои ин кор масъул шуд. Ин коргурӯҳ як тарҳи нимаеро пешниҳод карда буд, ки баҳсҳои доғеро ба бор овард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.