Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Дар Тоҷикистон 5500-солагии Саразм ҷашн гирифта шуд

Нимаи дуюми рӯзи 12 сентябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 5500-солагии Саразм ба ин макони таърихӣ ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар назди олимон, бостоншиносон донишмандону муҳаққиқон ва иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии “Саразм – оғози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон” ба ифтихори 5500-солагии Саразм суханронӣ кард.

Сарвари давлат ҳамаи донишмандону муҳаққиқон ва иштирокчиёни Симпозиумро ба диёри зебоманзари Тоҷикистон ва шаҳри бостонии Панҷакент хайрамақдам гуфт.

 “Ёдгориҳои замони қадим, аз ҷумла Кӯлдара, Хонақоҳ, Саразми бостонӣ, Тахти Сангин, Аҷинатеппа, Панҷакенти қадим, Ҳулбук, Бунҷикат, Шаҳристон, Ҳисорак, Санҷаршоҳ, Карон, Ямчун ва даҳҳо мавзеи дигар ҳар сол бо роҳи ташкили экспедитсияҳои дохиливу байналмилалии бостоншиносӣ мавриди таҳқиқу пажӯҳиш қарор дода мешаванд. Саразм яке аз чунин ёдгориҳои куҳан ба шумор меравад.

Ёдгории Саразм бо қарори ҳукумати мамлакат ҳанӯз соли 2000 ҳамчун маркази ташаккулёбии тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон гардид. Маънии ин ҷойноми таърихӣ “сари замин” ё “сарзамин”-ро ифода менамояд, ки далели қотеи таърихи пурифтихору деринаи халқи тоҷик мебошад”, – иброз дошт президент.

ГАЛЛЕРЕЯ (18)


















Сарвари давлат қайд кард, ки маводу далелҳои илмии таърихиву бостоншиносӣ дар заминаи таҳқиқоти олимони ватаниву хориҷӣ барои ворид намудани Саразм ба Феҳристи ёдгориҳои фарҳанги ЮНЕСКО пешниҳод гардида, ин созмони бонуфуз 31 июли соли 2010 Саразмро ба рӯйхати нодиртарин ёдгориҳои фарҳанги умумибашарӣ шомил намуд.

“Ҳоло саҳифаҳои зиёди таърихи Саразм таҳқиқ нашудаанд ва мо умед дорем, ки донишмандони ватаниву хориҷӣ минбаъд низ саҳифаҳои норавшани таърихи ин маркази тамаддунро таҳқиқ намуда, дастраси ҷомеаи ҷаҳон хоҳанд кард”, – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ хотиррасон намуд, ки ёдгории шаҳри бостонии Саразм соли 1976 аз тарафи бостоншиноси тоҷик Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардидааст:

“Саразм ёдгории нодири даврони энеолит ва асри биринҷии Осиёи Марказӣ буда, ин давра тақрибан ҳазораҳои чорум – сеюми то милод ва дар баъзе минтақаҳо то ҳазораи дуюми пеш аз милодро дар бар мегирад. Таърихшиносон чунин мешуморанд, ки раванди ниҳоят муҳимми таърихӣ – ташаккулёбии истеҳсолот, аз ҷумла кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ дар ҳамин давра оғоз мегардад”.

Гуфта мешавад, сарвари давлат ба ҳамаи донишмандону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ, ки таърихи куҳану пурифтихори халқи тоҷикро холисона омӯхта, онро ба шакли мақолаву рисолаҳои арзишманди илмӣ нашр менамоянд, изҳори ташаккур карда, дар фаъолияти минбаъдаи онҳо, ки хеле заҳматталаб, вале пурифтихор мебошад, барору комёбӣ орзу карданд.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Translations:

Related articles

spot_imgspot_img

Join us on social media!

Новости компаний

Новости компаний

Company News

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

LATEST NEWS

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...