“Оби зулол”: Корхонаи бузурги истеҳсоли нӯшокиҳо

Дар корхонаи “Оби зулол” дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд 120 навъи маҳсулот – аз нӯшокиҳо барои кӯдакон то RC Cola-и дӯстдоштта ҳама истеҳсол мешавад. Ин корхона муҳаррики иқтисоди вилоят буда, яке аз бузургтарин андозсупорандагон дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ровии мо Рафаэл Гулов ба корхонаи “Оби зулол” рафта, бо ҷараёни истеҳсолот дар он шинос шуд. […]

Рафаэл Гулов, Парвиз Турсунзода, Наврас Рамазонов, Asia-Plus

Дар корхонаи “Оби зулол” дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд 120 навъи маҳсулот – аз нӯшокиҳо барои кӯдакон то RC Cola-и дӯстдоштта ҳама истеҳсол мешавад. Ин корхона муҳаррики иқтисоди вилоят буда, яке аз бузургтарин андозсупорандагон дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Ровии мо Рафаэл Гулов ба корхонаи “Оби зулол” рафта, бо ҷараёни истеҳсолот дар он шинос шуд. Маҳсулоти корхона дар берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ низ маъруфу писандида аст.

Ин гузориш махсус аст, зеро 12 сентябр ба таъсисёбии корхонаи “Оби зулол” 20 сол пур шуд. Дар соли ҷашнӣ корхона хати истеҳсолии 6-умро ба кор даровард.

Дар бораи фаъолияти корхона, шароити кори коргарону маоши онҳо ва дигар масъалаҳо Рафаэл ба шумо маълумот медиҳад.

Made in Tajikistan лоиҳаи видеоии гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” аст. Ровии мо – блогери шинохта Рафаэл Гулов аз корхонаҳои бузург ва хурди кишварамон, ки ба рушди иқтисод саҳм мегузоранд, боздид мекунад. Ӯ дар видеогузориши худ маълумот медиҳад, ки ин корхонаҳо чӣ истеҳсол мекунанд, киҳо фаъолият менамоянд ва ба куҷо маҳсулоти худро мефиристанд. Мо ҳам истеҳсолот дорем ва дар он одамони зиёд кор мекунанд!

Шарики кулли лоиҳаи мо яке аз ширкатҳои соҳибтаҷриба дар соҳаи тарроҳӣ ва бунёди иншооти энергетикӣ – ҶСП “ТАДЭС” мебошад. ТАДЭС” – 81 сол дар саргаҳи сохтмони саноат.

Шарики расмии лоиҳа Фонди ҷамъиятии Accelerate Prosperity (“Соҳибкорӣ ва рушд”) – бизнес-инкубатор мебошад, ки барои оғоз бахшидани лоиҳаҳо ба маблағи то 50 ҳазор доллар кумак мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.