Додситони Хатлон аз мансаб барканор ва аз мақомот ронда шуд. Боз кӣ аз мансаб озод шуд ва кӣ вазифаи нав гирифт?

Аваз Назарзода, додситони вилояти Хатлон, “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад” аз вазифа барканор ва аз мақомоти додситонӣ хориҷ карда шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти кишвар имрӯз, 3-юми ноябр иттилоъ дод, вале мушаххас дар бораи кирдоре, ки боиси барканорӣ ва хориҷ шудани додситони Хатлон аз мақомот […]

Asia-Plus

Аваз Назарзода, додситони вилояти Хатлон, “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад” аз вазифа барканор ва аз мақомоти додситонӣ хориҷ карда шудааст.

Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти кишвар имрӯз, 3-юми ноябр иттилоъ дод, вале мушаххас дар бораи кирдоре, ки боиси барканорӣ ва хориҷ шудани додситони Хатлон аз мақомот шуда бошад, чизе нагуфт.  Танҳо ишора кард, ки сабаби дигари барканории ӯ "риоя накардани санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ " мебошад. Маълум нест, ки ба ҷои ӯ ба ин мақом кӣ таъин шудааст. 

Аваз Назарзода моҳи январи соли 2024 ба ҷои Абдураҳим Раҳимзода додситони Хатлон таъин шуда буд. Ӯ як муддат додситони ВМКБ ҳам буд.

Манбаъ навишт, ки Парвиз Нориён аз вазифаи директори телевизиони “Варзиш” озод ва муовини якуми сардори Хадамоти алоқа таъин гардидааст. Кӣ директори телевизиони “Варзиш” таъин шудааст, маълум нест.

Ҳамчунин, Толиб Холзода ба ҷойи Хол Гулов ва Аҳлиддин Муртазозода ба ҷойи ӯ Шоҳназар Холназарзода муовинони сардори Хадамоти алоқа таъин гардиданд.

Бо қарорҳои алоҳидаи дигар, Нусратулло Зокирзода аз мақоми ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа озод гардидааст. Сабаби барканории ӯ гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст, аммо номбурда ба кадом мансаб таъин шудааст, маълум нест. Ба ҷои ӯ, Абдуалим Аҳтамзода, ки то ин дам мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҳукумати шаҳри Душанбе буд, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон таъин шуд.

Ҳамчунин, Машраб Файзулло аз вазифаи ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия озод гардида ба ҷойи ӯ Иброҳимзода Илҳомиддин таъин карда шуд. Сабаби барканории Машраб Файзулло гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст, аммо ӯ чӣ вазифа гирифтааст маълум нест.

Шаҳриёр Саъдуллозода ректори Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон таъин гардидааст. Ӯ дар ин вазифа Алмосшо Шоҳиёнро иваз кард.

Баҳрулло Файзализода ба ҷойи Рустам Ғанизода директори филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе таъин гардидааст

Масрур Абдуллозода, ки то ин дам мушовири бахши Ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд, мушовири калони ин бахш таъин гардидааст.

Шаҳбоз Саидзода директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъин гардид. То ин дам дар ин мақом ки кор мекард маълум нест. Саидзода то ин дам  сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буд.

Хурсанд Содиқзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф озод гардид. Ба ин мақом, кӣ таъин шудааст маълум нест.

Зоиршоҳ Мирзоализода ба мақоми раиси Комиссияи давлатии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок таъин гардид. Ӯ дар ин вазифа Раҳмонбек Бахтдавлатовро, ки сабаби барканории ӯ расидан ба синни нафақа гуфта шудааст, иваз кард.

Шариф Маҳмадзода ба вазифаи муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъин гардидааст.

Ҳамчунин, сардорони чанд раёсати Додситонии кул, додситонҳои ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва додситонҳои шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуросон, Балҷувон, Шаҳритус, Зафаробод, Спитамен, Деваштич, Рашт, Файзобод, додситони ҳарбии гарнизони Рашт кадрҳо таъин шудаанд. Аммо номи ин ашхос маълум нест.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур навиштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои хостааст, ки “вазифаҳои хизматии худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ба роҳ монанд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.