Эмомалӣ Раҳмон дар рӯйхати 500 нафар мусалмонони маъруфи дунё

Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон рӯйхати 500 нафар мусалмонони бонуфузи саросари ҷаҳонро пешкаши умум гардонид. Ин рӯйхат шурӯъ аз соли 2009 ҳамасола бо дастгирии Маркази ҳусни тафоҳуми мусулмониву христиании ба номи шоҳзода Ал-Валид бинии Талял дар Ҷорҷтаун ба нашр мерасад. Муҳаррири нашр, профессори фахрии Донишгоҳи Амрико дар Қоҳира Абдулло Шлейфер дар ин робита изҳор […]

Пайрав Чоршанбиев


Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон рӯйхати 500 нафар мусалмонони бонуфузи саросари ҷаҳонро пешкаши умум гардонид.

Ин рӯйхат шурӯъ аз соли 2009 ҳамасола бо дастгирии Маркази ҳусни тафоҳуми мусулмониву христиании ба номи шоҳзода Ал-Валид бинии Талял дар Ҷорҷтаун ба нашр мерасад.

Муҳаррири нашр, профессори фахрии Донишгоҳи Амрико дар Қоҳира Абдулло Шлейфер дар ин робита изҳор кардааст, ки «ҳам олими бевосита бо мусалмонону масоили динӣ сарукордошта ва ҳам ҳокими таъсиргузор ба ташаккули муҳити иҷтимоиву иқтисодии мусоид, мусалмони маъруфу бонуфуз буда метавонад».

Миёни сарони кишварҳои собиқи шӯравӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба рӯйхати мазкур шомил гардидаанд.

Дар ин рӯйхат волоҳазрат шоҳзода Карим Оғохони IV – пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар мақоми 31-ум қарор дорад.

Мақоми аввал дар рӯйхати мусалмонони обрӯмандтарини ҷаҳонро шоҳи Арабистони Саъудӣ Абдулло ибни Абдулазиз касб намуда, зинаи дуюмро нахуствазири Туркия Раҷаб Таййиб Урдуғон ва ҷойи сеюмро шоҳи Марокаш Муҳаммади VI ишғол намудаанд.

Дар зинаҳои аввали рӯйхат раҳбари маънавии созмони «Бародарони мусалмон» Муҳаммад Бадӣ, амири Қатар Ҳамад бинни Халифа Ат-Танӣ, шайхи Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср Аҳмад-ат-Тайиб, олими маъруфи ҷаҳони ислом Ал-Қардовӣ ва дигар чеҳраҳои шинохта ҳузур доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.