Даргузашти устоди журналистика професссор Асадулло Саъдуллоев

Доктори улуми филология, профессор, аввалин раиси Академияи ВАО-и Тоҷикистон, омӯзгори факултаи журналистика Асадулло Саъдуллоев субҳи имрӯз дар синни 75-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Профессор Саъдуллоев дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба муҳассилин дарс гуфта, як зумраи комили насли журналистони тоҷикро тарбия кардааст. Асадулло Саъдуллоев 22 сентябри соли […]

ASIA-Plus



Доктори улуми филология, профессор, аввалин раиси Академияи ВАО-и Тоҷикистон, омӯзгори факултаи журналистика Асадулло Саъдуллоев субҳи имрӯз дар синни 75-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Профессор Саъдуллоев дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба муҳассилин дарс гуфта, як зумраи комили насли журналистони тоҷикро тарбия кардааст.

Асадулло Саъдуллоев 22 сентябри соли 1940 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёна ба факултаи таърих ва филолгияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (феълан ДМТ) дохил ва онро соли 1962 хатм мекунад. Солҳои тӯлонӣ дар нашрияҳое чун «Маориф ва маданият», «Газетаи муаллимон» ва «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») кор кардааст.

Соли 1978 рисолаи номзадӣ ва соли 1996 рисолаи докториашро ҳимоя намуд. Давоми солҳои 1992-2000 ва 2007-2009 ба кафедраи телерадиожурналистикаи ДМТ роҳбарӣ карда, тӯли солҳои 2002-2005 декани ин факулта буд.

Аз соли 1065 узви Иттиҳоди журналистони ҷумҳурӣ ва аз соли 1992 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Соли 1998 ба ҷоизаи Иттиҳоди журналистон ба номи А.Лоҳутӣ сазовор дониста шуда, ҳамин сол бо унвони «Корманди шоиста» қадрдонӣ шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.