Ҳузури президент дар фестивали «Оши палави Хатлон»

Дар ҳошияи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва фестивали «Оши палави Хатлон» боздид намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои […]

Asia--Plus



Дар ҳошияи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва фестивали «Оши палави Хатлон» боздид намуд.






Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди бахши кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ маънидод намуд.

Тавре ба Президенти мамлкат иттилоъ доданд, дар вилояти Хатлон 64 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ ба парвариш ва истеҳсоли маҳсулот машғул буда, дар соли 2016 бо истифода аз таҷрибаи пешрафта дар майдони беш аз 412 ҳазор гектар кишти зироатҳои гуногунро ба роҳ монданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи аввали соли равон аз вилояти Хатлон беш аз 80 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст ва дар ин самт ҳиссаи заҳматкашони ноҳияи Ҷайҳун назаррас арзёбӣ мегардад.

Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми содироти мева низ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳо натиҷабахашанд. Танҳо дар соли равон 1390 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки оянда ин тадбир дар афзун гардидани ҳаҷми содиротӣ нақши асосӣ хоҳад дошт.


Дар ин рӯз ҳамчунин даври ниҳоии Фестивали «Оши палави Хатлон» баргузор гардид, ки дар он беҳтарин ошпазҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, дар 100 дег таоми миллии мардуми тоҷик- оши палавро  омода карданд.




Гуфта шуд, ки барои ошпази беҳтарин «Кафгири заррин» ва ба дигар ғолибони фестивали «Оши палави Хатлон» тӯҳфаҳои молию пулӣ тақдим карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.