Шаҳрванди беш аз 11 сол мавриди пайгард қарордошта ба Тоҷикистон истирдод шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки муддати беш аз 11 сол барои содир намудани як силсила ҷиноятҳои вазнин мавриди ҷустуҷӯӣ байнидавлатӣ қарор дошт, аз Русия ба ватан истирдод шуд. Тавре хадамоти матбуоти Прокуратураи шаҳри Маскав хабар медиҳад , шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон Фарҳод Шосафаров аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шудааст. «Тайи зиёда аз 11 сол ӯ аз ҷониби […]

Asia--Plus



Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки муддати беш аз 11 сол барои содир намудани як силсила ҷиноятҳои вазнин мавриди ҷустуҷӯӣ байнидавлатӣ қарор дошт, аз Русия ба ватан истирдод шуд.

Тавре хадамоти матбуоти Прокуратураи шаҳри Маскав

хабар медиҳад

, шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон Фарҳод Шосафаров аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шудааст. «Тайи зиёда аз 11 сол ӯ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари худ барои содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи бандҳои «е, ж, з, и, к, л», қ. 2-и моддаи 104 (Одамкушӣ), қ. 2-и моддаи 186 (Бандитизм) ва банди «в», қ. 4-и моддаи 249 (Роҳзанӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ мавриди пайгард қарор дошт», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, Шосафаров аз соли 1999 узви гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша таҳти раҳбарии барордараш будааст, ки барои ҳамлаву ғорати шаҳрвандон ташкил карда шудааст.

Моҳи феврали соли 2016 ҷинояткори фирориро кормандони Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав боздошт ва баъди санҷиши ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Прокуратураи генералии Русия, доир ба истирдодаш тасмим гирифта мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.