Эмомалӣ Раҳмон: истиқлолияти Тоҷикистон неъмати худодод аст

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа дар намоиши театрикунонидашудаи аҳли фарҳанги вилоят ба муносибати истиқболи сазовори ҷашни бузурги умумимиллӣ 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иштирок намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, қабл аз оғози барномаи идона Эмомалӣ Раҳмон дар назди […]

Asia--Plus



Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа дар намоиши театрикунонидашудаи аҳли фарҳанги вилоят ба муносибати истиқболи сазовори ҷашни бузурги умумимиллӣ 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иштирок намуд.







Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, қабл аз оғози барномаи идона Эмомалӣ Раҳмон дар назди шумораи зиёди иштирокчиёни ин чорабинии фарҳангӣ суханронӣ карда, нахуст ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо сокинони вилояти Хатлонро бо санаи муҳими таърихӣ ҷашни тақдирсоз – истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфт. Сарвари давлат орзу намуд, ки ин неъмати худодод то абад ҳамчун нишонаи ифтихору сарбаландии миллати мо пойдору устувор бошад.




Таъкид гардид, ки бо шарофати ин ҳадяи тақдир кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва давлати тоҷикони куҳанбунёду тамаддунсоз дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.

Пешвои миллат зикр намуд, ки маҳз ба ҳамин хотир, мо истиқлолиятро муқаддас мешуморем ва барои ҳифзу таҳкими он дар зарфи чоряк асри сипаришуда бо азму иродаи қавӣ, ҳисси баланди миллӣ ва масъулият дар назди Ватан саъю талоши ватандӯстона мекунем.

Ба андешаи Сарвари давлат ҳамаи дастовардҳо туфайли меҳнати садоқатмандона ва пуштибонии амиқи мардум аз сиёсати давлату ҳукумат ва бо кӯшиши ватандӯстонаи мардуми кишвар ба даст омадааст. Таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ низ, аз ирода ва хизмати бузурги мардуми солору хирадманди тоҷик мебошад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар охир бори дигар ҳамаи иштирокчиёни барномаи фарҳангии идонаро бо ҷашну идҳои умумимиллӣ шодбош гуфта, таъкид доштанд, ки истиқлолияти давлатӣ ҳамон вақт устувору побарҷо мемонад, ки мардум муттаҳиду сарҷамъ, зираку ҳушёр бошанд ва дар дохили давлат ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил ҳукмрон гардад. Сарҷамъии миллат, сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ аз ҷумлаи шоҳсутунҳои кохи муҳташами истиқлол ва кафолати рушди муназзаму устувори давлати тоҷикон мебошанд.

Баъди анҷоми суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон намоиши рангини театрикунонидашуда оғоз гардид, ки тараннумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.