Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Италия

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба силсилаи заминларзаҳои шадид дар қисмати марказии Италия, ки ба харобиҳову талафоти ҷонии зиёд боис гардид, ба сарвазири Ҷумҳурии Италия Маттео Ренси барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «хабари ҳузнангези силсилаи заминларзаҳои шадидро дар қисмати марказии Италия, […]

Asia--Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба силсилаи заминларзаҳои шадид дар қисмати марказии Италия, ки ба харобиҳову талафоти ҷонии зиёд боис гардид, ба сарвазири Ҷумҳурии Италия Маттео Ренси барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «хабари ҳузнангези силсилаи заминларзаҳои шадидро дар қисмати марказии Италия, ки боиси ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани садҳо одамон шуда, харобиҳои зиёдеро ба бор оварданд, бо андўҳи бузург дарёфтам».

«Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Италия  сангин ҳамдардии амиқи инҷониб ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати  табиии фоҷеабор ирсол дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам», – изҳори ҳамдардӣ мешавад дар барқия.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 24 август дар қисмати марказии Италия заминларза рух дода, бар асари он 247 нафар ҳалок ва ҳудуди 1 ҳазор нафар сокинон бесарпаноҳ монданд. Аксари роҳу биноҳо дар ин минтақа тахриб шуда, ҷустуҷӯи ҷасади одамон аз зери вайронаҳо то ҳол идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.