Эҳтимоли манъи парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ ба Русия

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон фишори мақомоти авиатсионии Русия дар робита ба роҳандозии хатсайрҳо аз фурудгоҳи Жуковскийро номақбул мешуморанд. Аз ҷумла дар бораи ширкати ҳавопаймоии «Ямал» сухан меравад, ки иҷозати парвозҳо ба Тоҷикистонро мунтазир нашуда, ба фурӯши билетҳо ба хатсайри Душанбе оғоз кардааст. Аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки санаи […]

Asia-Plus

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон фишори мақомоти авиатсионии Русия дар робита ба роҳандозии хатсайрҳо аз фурудгоҳи Жуковскийро номақбул мешуморанд. Аз ҷумла дар бораи ширкати ҳавопаймоии «Ямал» сухан меравад, ки иҷозати парвозҳо ба Тоҷикистонро мунтазир нашуда, ба фурӯши билетҳо ба хатсайри Душанбе оғоз кардааст.

Аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки санаи 22 декабр Маскав ба Душанбе нома ирсол намуда, дар он иҷозати бечуну чарои парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал»-ро аз фурудгоҳи Жуковский талаб кардааст. Дар акси ҳол, аз 22 декабр парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ ба Русия манъ карда мешавад. «Чунин фишор қобили қабул нест», – таъкид дошт як манбаъ дар Вазорати нақлиёти ҶТ.

Як манбаъ аз Вазорати нақлиёти ҶТ ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки барои иҷозати парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» ба Тоҷикистон, мувофиқасозии ин масъала зарур аст, аз ҷумла гирифтани иҷозати истифодабарӣ барои парвозҳо лозим буда, ин расмиёт 45 рӯзро дар бар мегирад, аммо ширкати «Ямал» дастрасии иҷозати расмиро мунтазир нашуда, худсарона ба фурӯши билетҳо шурӯъ кардааст.

Васоити ахбори умум менависанд, рӯзи сешанбе, 20 декабр бо ҳавопаймои ширкати «Ямал» аз фурудгоҳи Жуковский бояд беш аз 100 нафар ба Душанбе парвоз мекарданд, аммо бинобар сабаби мавҷуд набудани иҷозати мақомоти Тоҷикистон, парвоз тариқи ин хатсайр боздошта шуда, мусфиронро дар меҳмонхонаҳо ҷой кардаанд.

Вазорати нақлиёти Русия мақомоти авиатсионии Тоҷикистонро бо он айбдор мекунад, ки бо манъи парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои Русия, Тоҷикистон тавофуқҳои ҳосилшудаи ҳарду кишварро риоя намекунад.

Дар ин масъала Тоҷикистон доир ба баробарҳуқуқӣ ҳарф мезанад. «Ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад. Баъзе ҳолатҳоро бо назардошти усули баробарҳуқуқӣ мувофиқа кардан зарур аст», – гуфта буд ба «Азия-Плюс» рӯзи сешанбе вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.