Ба занони тоҷик тарҳҳои сарулибоси «тавсиявӣ» пешниҳод мешавад

Дар Тоҷикистон дастурамале таҳия шудааст, ки намуди либоси духтарону занонро дар фаслҳои сол, ҷашну идҳо ва маросими дигар танзим мекунад. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» ҳосили кори се идораи давлатӣ – Вазорати фарҳанг, Кумитаи занон ва Кумитаи ҷавонон буда, қарор аст, моҳи оянда нашр шавад. Сабоҳат Маҳмадалиева, […]

Радиои Озодӣ

Дар Тоҷикистон дастурамале таҳия шудааст, ки намуди либоси духтарону занонро дар фаслҳои сол, ҷашну идҳо ва маросими дигар танзим мекунад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» ҳосили кори се идораи давлатӣ – Вазорати фарҳанг, Кумитаи занон ва Кумитаи ҷавонон буда, қарор аст, моҳи оянда нашр шавад.

Сабоҳат Маҳмадалиева, як масъули бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита гуфтааст, ин дастурамал бо ҷалби тарроҳону донандагони анъанаҳои либоси миллӣ таҳия шудааст, ба занону духтарони синни гуногун – аз 7 то 60-сола ва аз он боло пӯшидани навъҳои либосҳои ба қавли муаллифон “миллии муосири тоҷикӣ”-ро машварат медиҳад.

Ба қавли ин масъули Кумитаи занон ва оила, дастурамал ба ҷуз аз танзими либоси занон вобаста ба синну сол тартиби пӯшидани либоси занонро вобаста ба рӯзҳои сол ва макон ҳам танзим мекунад.

Гуфта мешавад, дар даҳ бахши аввал намунаи либосҳои бонувоне, ки дар мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ кор мекунанд, лисбоси занон дар рӯзҳои ҷашнҳои миллӣ, давлатӣ, дар рӯзҳои истироҳати шанбеву якшанбе ва дар бахшҳои алоҳида муайян шудааст.

Тарҳу намуди либоси занону духтарон барои сайру гашт дар кӯчаю хиёбон, гулгаштҳо, боғҳои фарҳангиву истироҳатӣ, театр ва толорҳои консертӣ бахши алоҳидаи ин дастурамал аст. Либосҳои арӯсӣ ва шакли либоси занон дар маросими азодорӣ низ дар бахшҳои ҷудогонаи ин дастурамал ҷо дода шудаанд.

Мукаррама Қаюмова, тарроҳ ва пажӯҳишгари таърихи либосҳои миллӣ дар Тоҷикистон ва яке аз муаллифон ва мушовирони ин дастурамал изҳор доштааст, ки ҳамаи либосҳои дарҷшуда дар ин дастурамал бо назардошти рукну анъанаҳои фарҳанги миллии либоспӯшӣ таҳия шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.