Мӯъмин Қаноат дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт

Мӯъмин Қаноат, шоири маъруфи тоҷик, имрӯз 18-уми май дар синни 86-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Ширин Қаноат, духтари Муъмин Қаноат, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, вазъи саломатии шоир ду рӯзи охир бад шуда, нимаи дуюми имрӯз табибон марги ӯро тасдиқ кардаанд. «Ману Парвин дар хона ҳастем. Далер дар Канада аст. Чанд муддат пеш […]

Радиои Озодӣ

Мӯъмин Қаноат, шоири маъруфи тоҷик, имрӯз 18-уми май дар синни 86-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Ширин Қаноат, духтари Муъмин Қаноат, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, вазъи саломатии шоир ду рӯзи охир бад шуда, нимаи дуюми имрӯз табибон марги ӯро тасдиқ кардаанд.

«Ману Парвин дар хона ҳастем. Далер дар Канада аст. Чанд муддат пеш ба ватан омада, падарамро нигоҳубинӣ карда рафта буд», – илова кардааст духтари шоир.

Мӯъмин Қаноат рӯзи 20-уми майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст. Нахустин шеърҳои худро ҳангоми таҳсил дар мактаб-парваришгоҳи ноҳияи Ғарм суруда ба рӯзномаи ноҳиявӣ супурдааст. Пас аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки Навободи Ғарм, шоири ҷавон донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мешавад. Пас аз хатми донишгоҳ Мӯъмин Қаноат муддати даҳ сол дар маҷаллаи "Шарқи Сурх" фаъолият кард.

Соли 1968 муовини авали раис ва аз соли 1978 то соли 1991 дар вазифи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Солҳои баъдӣ Кумитаи сулҳи Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи осори хатии Академияи улуми Тоҷикистонро сарварӣ дошт. Тайи солҳои 1996-2000 муовини раиси ҳаракати "Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон", солҳои 2001-2011 муовини раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ буд.

"Падар", "Мавҷҳои Днепр", "Суруши Сталинград",, "Тоҷикистон – исми ман", "Ситораи Исмат" ва "Масъуднома" аз ҷумлаи достонҳои Мӯъмин Қаноат мебошанд, ки ба ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ оварданд.

Достони "Мавҷҳои Днепр" – ситоишномаи рӯҳи баланди ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва дӯстии байни миллатҳост ва Мӯъмин Қаноатро дар доираи 15 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шӯҳрат бахшид. Достони "Оташ" ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Норак бахшида шуда, ҳодисаҳои он дар муборизаи нур алайҳи торикӣ бо такя ба фалсафаи қадимаи тоҷикон ва бунёди оламӣ нуронӣ аз ҷониби насли нав сурат мегиранд.

Достони машҳури "Суруши Сталинград" — садои қаҳрамонони зиндаву ҳалокшудаи муҳорибаи Сталинград, навҳаи падару модарони фарзандгумкарда мебошад. Ин достон ба устод Қаноат шӯҳрати ҷаҳонӣ овард ва соли 1977 барои ин достон ва достони "Тоҷикистон – исми ман" сазовори Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ мегардад. Достони "Тоҷикистон – исми ман" дар бедории миллии зиёиёни тоҷик нақши муассир дошт.

Устод Мӯъмин Қаноат узви вобастаи Академияи улуми Тоҷикистон ва чанд дафъа вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Олии Тоҷикистон буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.