Иштирокчиёни Рӯзи дави миллӣ дар Душанбе 10 км масофаро тай мекунанд

Рӯзи якшанбеи ҳамин ҳафта, 20 май дар Душанбе бори навбатӣ соати 8-и субҳ Рӯзи дави миллӣ доир мегардад. Иштирокчиёни чорабинӣ аз дарвозаҳои маҳаллаи «Чорбоғ» давро оғоз намуда, тариқи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ назди маҷмааи «Наврӯзгоҳ» ба марра мерасанд. Мувофиқи қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, аз роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт, муассисаҳои таълимӣ, корхонаю […]

Asia-Plus

Рӯзи якшанбеи ҳамин ҳафта, 20 май дар Душанбе бори навбатӣ соати 8-и субҳ Рӯзи дави миллӣ доир мегардад.

Иштирокчиёни чорабинӣ аз дарвозаҳои маҳаллаи «Чорбоғ» давро оғоз намуда, тариқи хиёбони Ҳофизи Шерозӣ назди маҷмааи «Наврӯзгоҳ» ба марра мерасанд.

Мувофиқи қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, аз роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт, муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе хоҳиш карда шудааст, ки ширкати фаъолонаи иштирокчиёнро дар чорабинии варзишии зикргардида таъмин намоянд.

Имсол масофаи Рӯзи дави миллӣ 10 километр муқаррар шудааст. Ғолибон бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ мешаванд.

Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола санаи 23 май ҷашн гирифта мешавад, баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Рӯзи дави миллӣ бо фармони президенти Тоҷикистон сар аз соли 2005 ҳар сол якшанбеи севуми моҳи май дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ барпо мегардад.

Ғайр аз ин, ба ифтихори ҷашни Рӯзи ҷавонон санаи 19 май дар саросари ҷумҳурӣ баргузории марафони велосипедронон дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.