“Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров барои туҳфа ба ҳар як оила нашр мешавад

Нашри марҳила ба марҳилаи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар назар аст. Дар ин бора имрӯз, 6-уми феврал амри сарвари давлат имзо шудааст. Аз ин санад бармеояд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ, китоби мазкур мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳар як оила аз […]

Asia-Plus

Нашри марҳила ба марҳилаи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар назар аст.

Дар ин бора имрӯз, 6-уми феврал амри сарвари давлат имзо шудааст.

Аз ин санад бармеояд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ, китоби мазкур мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳар як оила аз номи раисҷумҳур туҳфа карда мешавад.

Дар ин робита Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ вазифадор шудааст, ки якҷо бо Вазорати молия, Агентии омори назди Президенти ҶТ, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо бо тартиби муқарраршуда ҷиҳати иҷрои амри мазкур чораҷӯӣ намояд.

Қаҳрамони тоҷикон

Бахши тоҷикии ASIA-Plus дар охири соли 2019 ба муносибати зодрӯзи таърихнигори бузург, арбоби сиёсиву давлатӣ, қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров лонгриди чандрасонаӣ нашр карда буд.

Номи ӯ ва ҳукуматаш аслан бо ришваю фасод олуда нашуд. Чеҳраҳои дурахшони сиёсат ва илму адаб аз ҳамнишинону мушовирони беминнати ӯ будаанд. Чун аз марзи Иттиҳоди Шӯравӣ берун мешуд, тоқии тоҷикиро ба сар мегузошт ва дар авҷи сиёсати миллизудоӣ ба решаву асолати худ меболид.

Бобоҷон Ғафуров 31-уми декабри соли 1908 дар деҳаи Исфизори музофоти Хуҷанд дида бар ҷаҳон кушодааст.

Тафсилоти бештар дар ин матлаби доктори илмҳои таърих Сайфуллоҳи Муллоҷон – asiaplustj.tilda.ws

Қаҳрамони тоҷикон – Бобоҷон Ғафуров

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио