Ташхиси ройгони шаҳрвандони Тоҷикистон дар арафаи Наврӯз

Дар арафаи ҷашни Наврӯз аз 1 то 21 марти соли равон барои шаҳрвандони Тоҷикистон имкони ташхиси ройгони як қатор бемориҳо фароҳам шудааст. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар ин муддат Озмоишгоҳи миллии референсӣ тамоми шаҳрвандони мамлакатро ба ташхиси ройгон барои муайян кардани диабети қанд, хун барои уфунат ва гепатити Б фаро […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар арафаи ҷашни Наврӯз аз 1 то 21 марти соли равон барои шаҳрвандони Тоҷикистон имкони ташхиси ройгони як қатор бемориҳо фароҳам шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар ин муддат Озмоишгоҳи миллии референсӣ тамоми шаҳрвандони мамлакатро ба ташхиси ройгон барои муайян кардани диабети қанд, хун барои уфунат ва гепатити Б фаро хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, ки хоҳишмандон метавонанд наҳорӣ накарда, аз соати 8-и субҳ то то 11-и рӯз ба озмоишгоҳи мазкур муроҷиат намоянд. Суроға: шаҳри Душанбе, шаҳраки Шифобахш (Қарияи боло).

Озмоишгоҳи мазкур ҳамчунин бахшида ба Рӯзи модар аз 1 то 8 марти соли равон ба занону духтарон ташхиси се намуд кандидоз – албиканс, глабрата, круз, хун барои уфунат ва гепатити Б-ро ба таври ройгон ба роҳ монда буд. Дар доираи ин иқдом ба 289 нафар занони муроҷиаткарда ташхисҳои мазкур ба таври ройгон расонида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.