Вазири тандурустӣ: Асосе барои роҳандозии карантини саросарӣ дар Тоҷикистон нест

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Насим Олимзода дар мусоҳибаи ихтисосӣ ба нашрияи расмии “Ҷумҳурият” гуфтааст, ягон асоси воқеӣ барои эълони карантини саросарӣ дар кишвар айни замон вуҷуд надорад. “Барои эълони карантин, бахусус , карантини саросарӣ асос лозим аст. Хушбахтона, то имрӯз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст ”, – изҳор дошт […]

Хуршеди Ҷовид, “Ҷумҳурият”

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Насим Олимзода дар мусоҳибаи ихтисосӣ ба нашрияи расмии “Ҷумҳурият” гуфтааст, ягон асоси воқеӣ барои эълони карантини саросарӣ дар кишвар айни замон вуҷуд надорад.

“Барои эълони карантин, бахусус , карантини саросарӣ асос лозим аст. Хушбахтона, то имрӯз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст ”, – изҳор дошт вазир.

Ба қавли ӯ, барои кормандони тиб аз ҳисоби буҷети давлатӣ маоши иловагӣ ҷудо карда мешавад. “Бо мақсади таъмини амнияти санитарии табибони вобасташуда ва кормандони хизматрасон, онҳо бо либосҳои махсуси муҳофизатӣ ва тамоми шароити зарурӣ таъмин гардида, аз ҳисоби буҷети давлатӣ бо маоши иловагӣ ҳавасманд гардонда мешаванд. Дар баробари ин, кормандони тиббии вобасташуда дар ҳолати карантин пурра бо лавозимот ва ашёи инфиродии ҳифзкунандаи яккарата таъмин карда мешаванд”, – гуфт Насим Олимзода.

“Сифати пешниҳоди хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон, чӣ дар самти пешгирӣ ва чӣ дар самти ташхису табобат аз дигар давлатҳо фарқияти зиёд надорад. Имрӯз хизматрасонии тиббӣ бо усулҳои муосири ташхису табобат тавассути таҷҳизоти замонавӣ сурат мегирад. Ҳангоми сар задани ҳолатҳои сироятёбӣ айни замон дар муассисаҳои тиббии кишвар барои дар як вақт бистарӣ ва табобат намудани 5000 сироятёфта шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Инчунин, дар ҳолати пайдо шудани зарурат ҷумҳуриямон метавонад имконияти бештарро сафарбар созад”, – афзуд вазир.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон то имрӯз, 13-уми апрел ягон нафари мубталои коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.