Дар Панҷакент як мард ҳамсарашро кушта, худро ба дор овехт

Марди 55-сола дар шаҳри Панҷакент аз рашк завҷаи худро ба ҳалокат расонида, сипас даст ба худкушӣ задааст. Тибқи иттилои ВКД, ҳодисаи мазкур 11-уми апрел, тахминан соати 04:00 дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент рух додааст.  Ин мард, ки пеш бо моддаи 212-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) суд шудааст, дар […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Марди 55-сола дар шаҳри Панҷакент аз рашк завҷаи худро ба ҳалокат расонида, сипас даст ба худкушӣ задааст.

Тибқи иттилои ВКД, ҳодисаи мазкур 11-уми апрел, тахминан соати 04:00 дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент рух додааст. 

Ин мард, ки пеш бо моддаи 212-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) суд шудааст, дар хонаи истиқоматиаш аз ҳиссиёти рашк бо корди хоҷагӣ 8 маротиба ба қафаси сина ва дигар узвҳои зани 41-солааш задааст.

Баъдан худро барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур кардан дар дохили манзилаш бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст.

Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.