«Сафед-Дара» дар Лахш барои кӯҳнавардон пойгоҳ месозад

Ширкати “Сафед-Дара”  дар дар ҳамвории “Поялна Москвина”, ки дар ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) воқеъ аст, пойгоҳ (лагер)-и кӯҳнавардӣ месозад. Тавре ба “Азия-Плюс” директори генералии ҶСП “Сафед-Дара” Баҳодур Исҳоқов хабар дод, пойгоҳ барои кӯҳнавардон дар баландии зиёда аз 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ба ҳамаи меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ ва аз соли оянда ба қабули меҳмонон […]

Зарина Эргашева, Asia-Plus

Ширкати “Сафед-Дара”  дар дар ҳамвории “Поялна Москвина”, ки дар ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) воқеъ аст, пойгоҳ (лагер)-и кӯҳнавардӣ месозад.

Тавре ба “Азия-Плюс” директори генералии ҶСП “Сафед-Дара” Баҳодур Исҳоқов хабар дод, пойгоҳ барои кӯҳнавардон дар баландии зиёда аз 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ба ҳамаи меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ ва аз соли оянда ба қабули меҳмонон оғоз мекунад.

Ҷойи сохтмон байни кӯҳнавардон хеле маъруф аст, зеро дар ин ҷо ду қулла – “Қуллаи Исмоли Сомонӣ” (Коммунизм) – баландиаш 7495 метр ва “Қуллаи Озодӣ” (Корженевский) – баландиаш 7105 метр ҷойгиранд.

Фармоишгари лоиҳа ширкати “Сафед-Дара” ва паймонкори анҷоми корҳои сохтмон ҶСП “Қуллаҳои тоҷик” мебошанд.

Ба гуфтаи Баҳодур Исҳоқов сохтмони пойгоҳ дар ҳамвории “Пояна Москвина” хеле бузургмиқёс ва гарон хоҳад буд, лекин аз арзиши лоиҳа маълумот дода нашуд.

Зимнан зикр шуд, дар ин ҳамворӣ замони шӯравӣ пойгоҳи кӯҳнавардӣ сохта шуда, лекин тӯли солҳои тӯлонӣ он кӯҳнаву фарсуда ва айни замон дар ҳолати на он қадр хуб қарор дорад

“Пойгоҳи нав каме дуртар аз пойгоҳи аввал сохта мешавад, – иброз дошт ӯ. – Ҳамзамон дар фурудгоҳи ноҳияи Ҷиргатол корҳои таъмир ҷараён мегиранд, ки аз моҳи июл то моҳи сентябр барои интиқоли кӯҳнавардон ба пойгоҳ истифода бурда мешавад. Вақти парвоз бо чархбол аз ин фурудгоҳ то пойгоз 30 дақиқа вақтро мегирад. Шояд оянда барои харидории чархбол низ зарурат пайдо шавад”.

Зимнан зикр шуд, ки барои мутобиқшавии кӯҳнавардон ба муҳит ва обуҳаво 4-5 рӯз лозим аст, аз ин рӯ, пойгоҳ бояд бо тамоми шароитҳои будубош таъмин бошад.

“Дар пойгоҳ бинои маъмурӣ, ошхона, ҳаммом (ҷойи оббозӣ), чор ҳуҷраи иқомату хоб барои дар як вақт ҷой додан ба 100 нафар, бунгоҳи тиббӣ, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои машғулият бунёд мегардад”, – қайд кард директори ширкат.

Директори “Сафед-Дара” ҳамчунин зикр кард, ки иқлими ин мавзеъ сард буда, бинобар ин, ҳамаи бино ва ҳуҷраҳои пойгоҳ бо барқ аз панелҳои офтобӣ ва генераторҳои дизелӣ, инчунин генераторҳои бодӣ (шамолӣ) ва низоми гармидиҳӣ аз дегҳо таъмин хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио