55 тоҷикистонии ихроҷшуда бо хатсайри махсус аз Екатеринбург ба Душанбе оварда шуданд

Бо хатсайри ширкати «Уральские авиалинии» 55 шаҳрванди Тоҷикистон, ки қаблан аз қаламрави Русия ихроҷ шуда буданд ва 9 ҷасади тоҷикистониён рӯзи 22-юми июн аз Екатеринбург ба Душанбе оварда шуданд. Миёни ба ватан баргаштагон 19 нафарашон дар Марказҳои нигаҳдории муваққатии шаҳрҳои Екатеринбург, Челябинск, Курган, Тюмен ва 31 тоҷикистонӣ дар чунин маркази шаҳри Оренбург зиндагӣ мекарданд. “Мутаассифона, […]

Бо хатсайри ширкати «Уральские авиалинии» 55 шаҳрванди Тоҷикистон, ки қаблан аз қаламрави Русия ихроҷ шуда буданд ва 9 ҷасади тоҷикистониён рӯзи 22-юми июн аз Екатеринбург ба Душанбе оварда шуданд.

Миёни ба ватан баргаштагон 19 нафарашон дар Марказҳои нигаҳдории муваққатии шаҳрҳои Екатеринбург, Челябинск, Курган, Тюмен ва 31 тоҷикистонӣ дар чунин маркази шаҳри Оренбург зиндагӣ мекарданд.

“Мутаассифона, бо сабаби аз ҷониби судиҷрочиён рад шудани ба фурудгоҳ расондан ва пардохти пули билет, муяссар нашуд, ки боз 7 нафар шаҳрвандонамонро, ки дар Марказҳои нигаҳдории муваққатӣ дар шаҳрҳои Сургуту Тюмен қарор доштанд, ба ватан баргардонем”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин бо ин хатсайр ҷасади 9 нафар ҳамватанонамон, ки дар қаламрави Русия бо сабабҳои гуногун вафот кардаанд, ба ватан интиқол дода шуданд.

Зимнан зикр шуд, ки бо ҳамин хатсайр муҳоҷири тоҷик Далер Давлатов, ки дар Маркази муваққатии нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбург қарор дошту бо сабаби надоштани ҳуҷҷат рӯзи 26-уми май парвоз карда натавонист, то Душанбе расонида шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.