Осеби 8 нафар бар асари таркиш дар НФС-и Ёвон

Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон нимаи дуюми рӯзи 23-юми июн ҳангоми холӣ кардани сӯзишворӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) мошини интиқолдиҳандаи сӯзишвории тамғаи “Дулан” оташ гирифт. Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа сӯхтор ба амал омада, оташ ба дигар зарфҳо, аз ҷумла, зарфи гази моеъи ҳаҷмаш 10 тонна гузашт ва таркиш рух дод. […]

Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон нимаи дуюми рӯзи 23-юми июн ҳангоми холӣ кардани сӯзишворӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) мошини интиқолдиҳандаи сӯзишвории тамғаи “Дулан” оташ гирифт.

Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа сӯхтор ба амал омада, оташ ба дигар зарфҳо, аз ҷумла, зарфи гази моеъи ҳаҷмаш 10 тонна гузашт ва таркиш рух дод.

“Ба ҷойи ҳодиса кормандони Қисми мустақили 29-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Ёвон ҳозир шуда, сӯхторро, ки масоҳаташ 60м2 ташкил медод, бартараф карданд”, – қайд шудааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, бар асари сӯхтор 4 нафар шаҳрвандон ва 4 нафар кормандони хадамоти оташнишонӣ ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардошта, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳаҷми зиёни расида ҳисоб шуда истодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.