Беш аз 4 ҳазор донишҷуёни тоҷик иҷозаи вуруд ба Русияро интизоранд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъиятеро, ки ба он донишҷӯёни тоҷик дар робита ба набудани имкони сафар ба Русия барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ дучор шудаанд, назорат мекунад. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба ВКХ ҶТ, 24 августи соли равон Вазорат ба сафорати Русия дар Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки ҳоло беш аз 4 […]

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъиятеро, ки ба он донишҷӯёни тоҷик дар робита ба набудани имкони сафар ба Русия барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ дучор шудаанд, назорат мекунад.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба ВКХ ҶТ, 24 августи соли равон Вазорат ба сафорати Русия дар Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки ҳоло беш аз 4 ҳазор донишҷӯ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар таҳсил мекунанд.

Таъкид гардидааст, ки аз шумораи умумии онҳо беш аз 1 ҳазор нафар донишҷӯёни нав қабулшуда мебошанд, ки бояд ҳарчи зудтар ба Русия сафар кунанд ва тибқи талаботи муассисаҳои таҳсилоти олӣ расмиёти заруриро ба анҷом расонанд.

«Дар ин робита, вазорат аз сафорат хоҳиш кардааст, ки дар гирифтани иҷозат аз Ситоди фаврӣ оид ба пешгирӣ аз вуруд ва паҳншавии сирояти нави коронавирус ба Русия барои сафари донишҷӯёни тоҷик дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (варақаи донишҷӯӣ, маълумотномаи донишгоҳ ва ғайра) мусоидат намояд», — қайд мешавад дар хабар.

Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ҳамчунин хабар медиҳад, ки масъалаи мазкур айни ҳол дар баррасии ҷониби Русия қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, тавре хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, айни замон ба фармоиши ҳукумати Русия аз 16 марти соли равон дар қисмати вуруди шахсон барои гирифтани маълумот дар муассисаҳои маълумоти олии Русия (аз 1 сентябри соли 2020) ва шахсоне, ки ба Русия барои идомаи таҳсил дар мактабҳои олӣ меоянд (аз 15 октябр) ба давраи на камтар аз се моҳ тағйирот ворид мешавад.

Дар санад қайд мешавад, ки шахсоне ки азми сафари Русия доранд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сироятёбӣ аз коронавирус дошта бошанд, ки на дертар аз се рӯз то омадан ба кишвар гирифта шуда бошад.

Дар ҳамин ҳол, қаблан Роспотребнадзор тавсияҳое нашр кард, ки мутобиқи он, хориҷиён ба дарсҳо дар мактабҳои олӣ пас аз 14 рӯзи ҷудонигаҳдорӣ (изолятсия) аз рӯзи омадан бо баргузории муоина ба сироят аз коронавирус дар рӯзҳои 10-12-ум роҳ дода мешаванд.

Қаблан дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов изҳор дошт, ки дар доираи квотаи ҳукумати Русия имсол 630 нафар ба мактабҳои олии Русия қабул шуда, инчунин муассисаҳо довталабонро тариқи онлайн бо ёрии шарикони тоҷикистонии худ низ ба таҳсил қабул мекунанд ва аз ин рӯ, пешниҳоди маълумоти саҳеҳ дар бораи шумори донишҷӯёни имсолаи тоҷикистонӣ дар Русия ҳоло барвақт аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".