Ба донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия натанҳо квота, балки гранту стипендия низ пешниҳод мешавад

Роҳбари Агентии федералии умури ИДМ, ҳамватанони муқими хориҷа ва ҳамкории байнулмилалии гуманитарӣ (Россотрудничесто) Евгений Примаков зимни як онлайн-конфронс изҳор дошт, ки дар баробари квотаҳои таҳсили бепул дар макотиби олӣ, Русия ба донишҷӯёни хориҷӣ гранту стипендияҳо низ пешниҳод хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кардааст, ки шумори квотаҳо барои таҳсил дар мактабҳои олии Русия минбаъд […]

Роҳбари Агентии федералии умури ИДМ, ҳамватанони муқими хориҷа ва ҳамкории байнулмилалии гуманитарӣ (Россотрудничесто) Евгений Примаков зимни як онлайн-конфронс изҳор дошт, ки дар баробари квотаҳои таҳсили бепул дар макотиби олӣ, Русия ба донишҷӯёни хориҷӣ гранту стипендияҳо низ пешниҳод хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кардааст, ки шумори квотаҳо барои таҳсил дар мактабҳои олии Русия минбаъд афзуда, айни замон дар ин барнома 15 ҳазор ҷойи буҷети пешбинӣ шудааст ва соли 2024 шумори он 2 баробар зиёд мешавад.

“… Як қисмате аз ин квотаҳо бояд бо стипендия таъмин бошанд, ки он замон ин муфид мешавад. Ин харҷи пули буҷет нест, хайру эҳсонкорӣ ҳам нест. Ин чизест, ки баъдан… ҳатман самар хоҳад овард”, – иброз доштааст ӯ.

Нишасти матбуотӣ ба тағйирот дар фаъолияти ташкилот бахшида шуда, Россотрудничествои навшуда аз 16-уми ноябр ба кор оғоз намуд ва роҳбари он дар бораи вазифаҳои он маълумот дод.

“Дар навбати аввал, мо ба он манфиатдорем, ки ҳарчи зиёдтар одамон аз собиқ кишварҳои пасоӯравӣ, давлатҳои ИДМ оянд, – изҳор доштааст ӯ. – Дар ин кишварҳо аз рушди таълиму омӯзиши забони русӣ, иқдомҳои ҷамъиятиву хусусӣ дар ин самт дастгирӣ мебояд кард. Росотрудничество ба мактабҳои хусусӣ бо забони русӣ низ кумак хоҳад кард, агар аз лиҳози тиҷоратӣ онҳо муваффақ амал кунанд”.

Роҳбари Россотрудничество инчунин зикр кардааст, ки имкноти нави омӯзиши забони русиро дарёфт кардан зарур аст, масалан, маҳфил (кружок)-и технологияҳои иттилоотӣ, ки дар он асосҳои барномарезӣ бо забони русӣ таълим дода мешаванд ва дар ин самт ҳамкории мутақобилаи мактабҳои олӣ мувофиқи мақсад аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".