Хонаҳои Бег Сабур: кӣ он ҷо зиндагӣ мекунад ва мушкилашон чист?

Маҳина Муродӣ бо оилааш дар яке аз биноҳое дар пойтахт ба сар мебаранд, ки гуфта мешавад, онҳоро ширкати марбут ба Бег Сабур сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон  сохтааст. Тӯли як соле, ки онҳо ин ҷо ба сар мебаранд, ҳамарӯза, ба гуфти Маҳина, ба мушкилоти зиёде дучор мешаванд. "Лифташ зуд-зуд вайрон мешавад ва пиёда мебароем, – мегӯяд ӯ. – […]

Маҳина Муродӣ бо оилааш дар яке аз биноҳое дар пойтахт ба сар мебаранд, ки гуфта мешавад, онҳоро ширкати марбут ба Бег Сабур сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон  сохтааст. Тӯли як соле, ки онҳо ин ҷо ба сар мебаранд, ҳамарӯза, ба гуфти Маҳина, ба мушкилоти зиёде дучор мешаванд.

"Лифташ зуд-зуд вайрон мешавад ва пиёда мебароем, – мегӯяд ӯ. – Обаш дар гармиҳо зуд-зуд хушк мешавад. Ман тӯли сол 1,5 моҳ бе об будам. Аз ҳамсоя бо сатил об мебиёрам. Гоҳе мешавад, ки мотор аз кор мемонаду ҳафтаҳо бе об мемонем. Аз якум ошёна то 14-ум ман ҳамин тӯли сол об кашонидаам. Ҳамчунин вақти боришоту борон аз ду тирезаам об медарояд. Аз ду тарафи деворҳо намӣ мегузарад. Об аз тирезаҳои ман шабҳо ширрост ба хона мерезад",-мегӯяд ӯ.

Гуфта мешавад, тақрибан 8 сол аст, ки соҳибони хонаҳо ин ҷо даромада иқомат мекнунанд, вале то ҳол шиносномаи техникӣ надоранд ва бино пурра супорида нашудааст. Долонҳо то ҳол таъмирро надидаанду айвонҳо хатарнок мебошанд. Чунин хонаҳои баландошёна ин ҷо сетоанд.

Ин сохтмонҳо бошад ҳамчунин ба ширкатҳои Бег Сабур рабт дода мешаванд. Ва сифати сохтмонии онҳо низмавридинигаронии шаҳрвандон гардидааст. Ба хусус ҷавсии ин ду бинои бузург, ки хеле наздик сохта мешаванд.

Ахиран дар нишасти матбуотие, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода изҳор дошт, ки литсензия ва ё иҷозатномаи Бег Сабур бозхонда мешавад, ва минбаъд ӯ дар пойтахт чизе сохта наметавонад.

Бозхонди иҷозатномаи Сабур

Ширакти “Комил 2010” ва “Ниагара” бо супориши раиси шаҳр ба руйхати сиёҳ ворид карда шудаанд ва дигар ягон қароре барои сохтмон намегирад. Умуман ба Бег Сабур дар шаҳри Душанбе дигар қароре намедиҳанд”, – гуфт Муҳаммадсаид Зувайдзода.

Ба гуфтаи раиси Кумита, айни ҳол аз чор биное, ки Бег Сабур месозад, сетояш аз комиссияи давлатӣ гузашта истодаааст.

“Оне, ки дар Зарафшон аст, назди дарвоза – 8 сол аст, ки мардум ҳуҷҷат надорад. Ҳоло мо он ҷо комиссияи корӣ гузаронидем ва комиссияи давлатӣ оғоз шуд, – гуфт раиси Кумита. – Дигар биное дар ҳамон маҳалла – он ҷо низ комиссияи давлатӣ оғоз ёфт ва имзо ҷамъоварӣ карда истодаанд. Хонае, ки дар марказ дошт – он ду лифт надошт… Дирӯз ман ҳамон ҷо будам, аз се ду лифташро шинондааст, сеюмашро бошад насб карда истодааст. Ва ин ҷо низ комиссияи давлатӣ мешавад. Ва ниҳоят як бино, ки дар назди Беморхонаи сироятӣ аст – он мемонад. Мушкилоташ бениҳоят зиёд аст”.

Манзилҳои серошёна дар саросари кишвар зиёд аст, ки ба Бег Сабур рабт медиҳанд. Ҳамаи он биноҳо танқид мешавад, вале аз сабабе, ки арзиши манзилҳо дар он биноҳо дастрас аст, мардум аз онҳо зиёд харидорӣ мекунад.

Бояд гуфт, худи Бег Сабур то ҳол доштани ширкатҳои сохтмониро ба дӯш нагирифтааст. Чун дар Тоҷикистон аз рӯи қонун мансабдор ба соҳибкорӣ машғул шуда наметавонад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.