Ҷоизаи панҷҳазории Соҳиб Табаров таъсис дода шуд: дар бахши нақди адабӣ

Дар вилояти Хатлон ҷоизаи наве ба номи донишманди шинохта Соҳиб Табаров дар бахши нақди адабӣ таъсис додаанд.   Маркази матбуотии раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки ҳукумати ин вилоят тасмим гирифтааст бо эълони ҷоизаи мазкур, барои тарғибу ташвиқи адабиёти миллӣ, баланд бардоштани сатҳи ғоявӣ, бадеӣ, ҳавасмандагрдонии адибон ва муҳақиқони соҳаи адабиёт ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар вилояти Хатлон ҷоизаи наве ба номи донишманди шинохта Соҳиб Табаров дар бахши нақди адабӣ таъсис додаанд. 

 Маркази матбуотии раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки ҳукумати ин вилоят тасмим гирифтааст бо эълони ҷоизаи мазкур, барои тарғибу ташвиқи адабиёти миллӣ, баланд бардоштани сатҳи ғоявӣ, бадеӣ, ҳавасмандагрдонии адибон ва муҳақиқони соҳаи адабиёт ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаровро таъсис бидиҳад.

Барои соҳиб шудан ба ин ҷоиза олимон, адибон, муҳақиқони соҳаи ададбиёт, мунақидоне, ки дар муассисаҳои илмии вилояти Хатлон фаъолият мекунанд, метавонанд довталаб бошанд.

Мувофиқи оиномаи ҷоиза, барандаи ин ҷоиза соҳиби Диплом ва 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ хоҳад шуд.

Озмуни мазкур дар Рӯзи матбуоти тоҷик дар баробари озмуни вилоятии “Неруи сухан”, Ҷоизаи ба номи Носири Хусрав ва Шамсиддин Шоҳин натиҷагирӣ ва ғолибони он қадрдонӣ хоҳанд шуд. 

Маркази матбуотии раиси вилоят мегӯяд, дар доираи низомномаи ҷоиза мазкур, барои дарёфти ҷоизаҳо муаллифи алоҳида ё гурӯҳи муаллифон довталаб шуда метавонанд.

Раёсати иттифоқҳои эҷодӣ, Шӯроҳои бадеӣ, Шӯроҳои илмии донишкадаву донишгоҳ, муассисаҳои илмӣ, идораи маҷаллаву рӯзномаҳо, созмонҳои ҷамъиятии вилоят ҳуқуқ доранд, ки барои дарёфти ҷоиза асарҳои арзандаро баъди эълони озмун ба Кумитаи тадорукот пешниҳод намоянд.

Асарҳое, ки ба Ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаров пешниҳод мегарданд, бояд арзиши баланди илмӣ дошта, аз ҷониби олимону муҳаққиқон ва мунаққидоне, ки дар вилояти Хатлон фаъолият мекунанд, таҳқиқ шуда бошанд. Ба пажуҳишҳои илмӣ ва нақди адабие, ки доир ба осори адибони Хатлонзамин анҷом дода шудаанд, бартарӣ дода мешавад.

Ҳукумати вилоят гуфтааст, танҳо асарҳое баррасӣ мешаванд, ки аз замони нашрашон бештар аз се сол нагузашта бошад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио