Тоҷикистон аз ваксинаи AstraZeneca, ки нисфи Аврупо рад кард, даст намекашад

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

“Тоҷикистон аз истифодаи воксини AstraZeneca даст накашида, аз он истиқбол мекунад”, – изҳор дошт зимни нишасти матбуотии имрӯза муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ Самариддин Ализода.

“Мо омодагӣ гирифта, барои воксинзанӣ чорабинҳо мегузаронем, – итминон дод вай. – Лекин ҳамаи рӯйдодҳои атрофи ин ваксинаро пайгирӣ дорем. Тамоми ҳолатҳои ба бемориҳои дуюмдараҷа гирифтор шуданро сабт мекунем. Ҳамаи касоне, ки ваксина мегиранд, аз ҷониби Вазорат таҳти муоина қарор мегиранд”.

Ӯ қайд кард, ки дар Тоҷикистон Барномаи милии воксинзании аҳолӣ қабул карда шуд

“Дар навбати аввал тибқи барномаи COVAX 20%-и аҳолӣ ваксиназанӣ мешаванд. Дар доираи ин барнома ба Тоҷикистон ҳамагӣ 624 000 воя (доза)-и ваксина оварда мешавад”, – хабар дод Ализода.

Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ дар доираи Барномаи миллии воксинзании гуруҳҳои мақсаднок дар ҷумҳурии Тоҷикистон маълум шудаанд, ки дар қадами аввал ин гуруҳҳо воксин зада мешавад.  

Ёдрас мекунем, ки дар доираи барномаи COVAX рӯзи 8 март аз Ҳиндустон ба Душанбе 192 ҳазор вояи ваксинаи COVISHIELD оварда шуд. Ин ваксинаи Oxford-AstraZeneca буда дар Ҳиндустон истеҳсол мешавад.

“Тайи солҳои охир зидди полиомиелит, сурхак ва дигар бемориҳо ваксина гирифта, хурӯҷи дигар бемориҳои дуюмдараҷаро аз он мушоҳида накардем. Пажӯҳишгоҳи хуноба (сыворотка) дар Ҳиндустон, ки дар он ваксинаи COVISHIELD истеҳсол шудааст, дармонгоҳи дорои гувоҳномаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мебошад. Онҳо аллакай 28 млн вояи ваксинаи COVISHIELD-ро ба саросари дунё фиристоданд. Асосан ба Украинаву Молдова ва дирӯз онро Ӯзбекистон қабул кард. Қобили зикр аст, ки Аврупо аз ҳамон ваксинаи AstraZeneca истифода мебарад, ки дар Аврупо истеҳсол шуда, дигар кишварҳоро Ҳиндустон таъмин мекунад", – иброз дошт Ализода.

Ба гуфтаи муовини вазири тандурустӣ, айни замон Тоҷикистон барои гирифтани ваксинаҳо аз дигар кишварҳо низ тадбирҳо меандешад:

“Масалан аз Чин. Кор бурда истодаем. Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд кумак мекунанд, – изҳор дошт ӯ. – Ваксинаи AstraZeneca-ро ба қайд гирифтем. Айни замон оид ба қайди ваксинаи русиягии “Спутиник” ва ваксинаи “CoronaVac”-и Чин корҳо ҷараён доранд”.

Муовини вазир изҳор намуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз кадом ваксина эм гирифтанро худашон интихоб мекунанд.

Ализода ҳоло санаи дақиқи оғоззи ваксиназаниро номбар накарда, вале хабар дод, ки дар навбати аввал онро кормандони тиббӣ мегиранд.

Ҳамаи онҳо ваксинаро ихтиёрӣ ва бепул мегиранд. Дигар шаҳрвандони боқимондаи кишвар низ.

Барои як нафар ботанаффуси 8-12 ҳафта ду воя гузаронида мешавад. Пас аз гирифтани ваксина ба одамон сертификати махсус ба монанди “шиносномаҳои сабз”-и Аврупо дода мешавад.

“Дармонгоҳҳои хусусӣ низ ваксинаи зидди короавирус харида метавонанд, лекин барои ин онҳоро лозим меояд, ки ваксинаро дар Вазрати тандурустӣ ба қайд гузоранд”, – гуфт муовини вазир.

Чанде аз давлатҳо аз AstraZeneca даст кашиданд

Қобили зикр аст, ки бар асари мушкилӣ пеш овардан ё ба бемории дигар дучор гардидан пас аз гирифтани ваксинаи AstraZeneca, чанде аз кишварҳои Аврупо ва дигар давлатҳо, аз қабили Австрия, Дания, Норвегия, Исландия, Испания, Руминия, Таиланд, Булғористон, Эстония, Литва, Люксембург, Кипр, Латвия ва Италия, инчунин Фаронса ва Олмон аз истифодаи ин ваксина даст кашиданд ё онро ба таъхир гузоштанд.

Хадамоти санитариву эпидемиологии кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон чанде пеш эълон кард, ки ин кишвар хулосаи Созмони ҷаҳонии тандурустиро дар бораи ваксинаи AstraZeneca мунтазир аст ва танҳо баъди он дар бораи истифода бурдан ё даст кашидан аз он тасмим гирифта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...