Ҳузури Абдурозиқ дар намоҳанги Моргенштерн. Беш аз1 млн бинанда дар 8 соат

Овозхон ва блогер аз Тоҷикистон Абдурозиқ дар намоҳанг (клип)-и нави сарояндаи рэпи Русия Алишер Моргенштерн ҳунарнамоӣ кард. Намоҳанги видеоӣ зери унвони “Домой” (Ба хона) дар Youtube нашр шуда, онро аллакай зиёда аз 1 млн нафар тамошо кардаанд. Намоҳанг дар Дубай наворбардоӣ шуда, Абдурозиқ низ фаъолияти худро баъди қатъи ҳамкорӣ бо собиқ продюсери худ, сарояндаи рэп […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Овозхон ва блогер аз Тоҷикистон Абдурозиқ дар намоҳанг (клип)-и нави сарояндаи рэпи Русия Алишер Моргенштерн ҳунарнамоӣ кард.

Намоҳанги видеоӣ зери унвони “Домой” (Ба хона) дар Youtube нашр шуда, онро аллакай зиёда аз 1 млн нафар тамошо кардаанд.

Намоҳанг дар Дубай наворбардоӣ шуда, Абдурозиқ низ фаъолияти худро баъди қатъи ҳамкорӣ бо собиқ продюсери худ, сарояндаи рэп Беҳрӯз Шарифӣ (Baron) дар ҳамин шаҳр идома медиҳад.

Моргенштерн ҳам ҳозир дар Дубай қарор дорад. Баъди айбдор шудан дар таблиғи маводи нашъаовар ӯ ҳамроҳи ҳамсараш Русияро тарк кард. Мақомоти тафтишот бар ин назар аст, ки эҷодиёти овозхон истеъмоли маводи нашъаовар ва рафтори берун аз меъёри ҷомеаро таблиғ мекунад.

Нисбати Моргенштерн барои таблиғи маводи нашъаовар парвандаи маъмурӣ боз шудааст. Гуфта мешуд, ин ақидаҳо дар намоҳангҳои сароянда «Розовое вино-2» ва Family ба мушоҳида расидаанд. Суд ҳунармандро 100 ҳазор рубл ҷарима кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.