Сафорати ИМА барасмиятдарории раводидҳои муҳоҷиратиро дар Душанбе оғоз мекунад

Аз 4-уми октябри соли 2022 Сафорати ИМА дар ш. Душанбе ба расмият даровардани раводидҳои муҳоҷиратии ИМА-ро барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон оғоз мекунад.  “Дар давоми якум соли кор бо раводидҳои муҳоҷиратӣ, мо қабули шумораи зиёди аризадиҳандагонро аз Тоҷикистон, аз ҷумла аъзоёни оилаҳои шаҳрвандон ва иқоматкунандагони доимии ИМА, ғолибони лотереяи «Грин корт» 2023-ро (DV 2023) пешбинӣ […]

Аз 4-уми октябри соли 2022 Сафорати ИМА дар ш. Душанбе ба расмият даровардани раводидҳои муҳоҷиратии ИМА-ро барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон оғоз мекунад. 

“Дар давоми якум соли кор бо раводидҳои муҳоҷиратӣ, мо қабули шумораи зиёди аризадиҳандагонро аз Тоҷикистон, аз ҷумла аъзоёни оилаҳои шаҳрвандон ва иқоматкунандагони доимии ИМА, ғолибони лотереяи «Грин корт» 2023-ро (DV 2023) пешбинӣ мекунем”, – гуфта мешавад дар сомонаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон

То октябри соли ҷорӣ раводидҳои муҳоҷиратии ИМА барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон дар Консулгарии генералии ИМА дар ш. Алматои Қазоқистон ба расмият дароварда мешаванд. 

Ғолибони лотереяи «Грин корт»-и соли 2022 (DV2022) супоридани аризаҳои худро дар шаҳри Алмато то 30 сентябри соли 2022 идома медиҳанд.

“Дар давоми шаш моҳи оянда мо бо Консулгарии генералии ИМА дар шаҳри Алмато ҳамкорӣ хоҳем кард, то гузариши осонро таъмин кунем ва маълумоти бештарро ба аризадиҳандагони раводид дар сомонаҳои худ пешниҳод намоем”, – таъкид мешавад дар хабари сафорат.

Дар соли 2022 Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон 30-юмин солгарди барпо намудани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд. Бо рушди равобити дуҷониба хизматрасониҳои консулии ИМА васеъ гардиданд. 

Зикр мешавад, ки ҷорӣ намудани хизматрасониҳо марбут ба раводидҳои муҳоҷиратӣ дар Тоҷикистон ин пешравии назаррасест, ки минбаъд ҳам равобити дуҷонибаро таҳким медиҳад. 

«Иёлоти Муттаҳида таърихи тӯлонии қабули муҳоҷиронро аз тамоми ҷаҳон дорад.  Бо ин тағйирот вобаста ба расмият даровардани раводид, мо роҳи дарёфти раводиди муҳоҷиратиро барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба талаботҳои гирифтани раводид ҷавобгӯ ҳастанд, осон кардем.  Ин пешравии мусбат боз як марҳалаи таърихӣ дар тӯли 30 соли муносибатҳои фаъол, эҷобӣ ва дӯстона байни кишварҳои мост», – иброз доштааст Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм.

Бахши консулии Сафорат ба шаҳрвандони ИМА дар Тоҷикистон хизматрасониҳои гуногунро, аз ҷумла сабти таваллуд дар хориҷа ва додани шиносномаҳоро пешниҳод мекунад. 

Сафорати ИМА дар ш. Душанбе хизматрасониҳоро роҷеъ ба дарёфти раводидҳои ғайримуҳоҷиратӣ дар соли 2006 шурӯъ карда, даҳҳо ҳазор аризаҳоро баррасӣ кардааст.  Бо илова намудани ба расмият даровардани раводидҳои муҳоҷиратӣ, Сафорати ИМА акнун маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои консулиро ба шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон пешниҳод хоҳад кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.