Маросими ҷанозаи Рустам Набиев охирин писари Раҳмон Набиев фардо дар Хуҷанд баргузор мешавад. НАВШУДА

Рустам Набиев, писари Раҳмон Набиев раисҷумҳури собиқи Тоҷикистон, қабл аз зуҳри имрӯз, дар синни 53-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд даргузашт. То кунун дар бораи сабабҳои марги ӯ чизе гуфта нашудааст. Маросими ҷанозаи Рустам Набиев, фардо, 26-уми апрел, соати 11:00 дар манзили зисташон ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир мешавад. Рустам Набиев писари дувуми Раҳмон Набиев буд. Писари […]

Рустам Набиев, писари Раҳмон Набиев раисҷумҳури собиқи Тоҷикистон, қабл аз зуҳри имрӯз, дар синни 53-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд даргузашт. То кунун дар бораи сабабҳои марги ӯ чизе гуфта нашудааст.

Маросими ҷанозаи Рустам Набиев, фардо, 26-уми апрел, соати 11:00 дар манзили зисташон ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир мешавад.

Рустам Набиев писари дувуми Раҳмон Набиев буд. Писари нахустини раисҷумҳури собиқи Тоҷикистон Рашид Набиев буд, ки соли 1997 дар синни 33-солагӣ дар шароити мармузе даргузашт.

Акрамҷон Орипов, писари аммаи Рустам Набиев ба “Азия-Плюс” гуфт, ки аммабачааш дар ҳавлии истиқоматияш ҷон ба ҷонофарин супурд. Вай гуфт, барои видоъ бо Рустам Набиев ҳамаи пайвандон аз Душанбе ва шаҳрҳои дигар ба Хуҷанд омадаанд.

“Ҷаноза пагоҳ, 26-уми апрел соати 11:00 дар маҳаллаи Ҷӯйи Мазор, кӯчаи Аминҷон Шукӯҳӣ 57-и ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир мешавад. Ин касро дар оромгоҳи Гунбази Қошуқи шаҳри Хуҷанд, ки падарашон низ он ҷо дафн шудаанд қабр мекунем. Ҳоло ёру дӯстон ҳама ҷамъ омадаем”, – гуфт, Орипов.

Вай афзуд, “Рустам Набиев лаҳзаҳои охири умр дар ҳавлии истиқоматияш зиндагӣ мекард ва қаблан коронавирус шуда буданд”. Аммо ин хешовандаш аз вазъи саломатии охирин лаҳзаҳои ҳаёти Рустам Набиев ва ҷойи кораш чизе нагуфт.

Рустам Набиев соҳиби ду фарзанд аст. Пайвандонаш мегӯянд, писараш дар Душанбе ва духтараш дар Маскав зиндагӣ мекунанд.

Духтари Раҳмон Набиев – Мунаварра Набиева номзади илмҳои иқтисодӣ аст ва солҳои зиёде дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор кардааст ва ҳоло дар Душанбе умр ба сар мебарад. Ӯ солҳои ахир бо бародараш Рустам Набиев бар сари як хонаи аз падар ба меросмонда дар шаҳри Душанбе баҳсҳои додгоҳӣ дошт. 

Ҳамсари раисҷумҳури собиқи Тоҷикистон Марям Набиева номзади илмҳои иқтисодӣ буд ва то соли 2006 роҳбари Колеҷи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон (Чкалов) буд. Бо талошҳои ӯ ин коллеҷ ба Донишкада табдил ёфт. Аммо ба гуфтаи нафарони огаҳ аз фаъолияти Марям Набиева, ба ӯ иҷозаи ректори донишкадаро надоданд ва ҳамин тавр ӯ аз ин донишгоҳ рафт.

Марям Набиева чанд сол пештар дар Хуҷанд даргузашт. Худи Раҳмон Набиев соли 1995 дар шаҳри Хуҷанд вафот карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.