Акнун бо адои хидмат дар артиши Русия дар муддати 1 сол метавон ба шаҳрвандии ин кишвар соҳиб шуд

Asia-Plus

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар бораи адои хидмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ба муҳлати на камтар аз 1 сол қарордод мебанданд, бо тариби соддашуда шаҳрвандии Русияро гирифта метавонанд. Думаи давлатии Русия рӯзи 20 сентяр дар ин бора қонуни дахлдор қабул кард, хабар дода мешавад дар сомонаи Думаи давлатии Русия.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи қонунгузории амалкунанда, тибқи қарордоди ҳарбӣ на камтар аз 3 сол хидмати ҳарбӣ адо кардан зарур аст.

Ғайр аз ин, дар тағйирот пешниҳод мешавад, ки муҳлати қарордоди аввали хидмати ҳарбӣ, ки бо шаҳрванди хориҷӣ барои хидмат дар рутбаҳои сарбоз, матрос, сержант ва старшина баста мешавад, аз 5 то 1 сол кам карда шавад.

Ба иттилои торнамои раиси шаҳри Маскав, дар Маркази муҳоҷирати Сахарово барои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба хизмат дар сафи артиши Русия зерсохтори мукаммали мусоидати Вазорати мудофиа роҳандозӣ шудааст.

Қаблан зикр гардида буд, ки Думаи давлатии Русия рӯзи 20 сентябр ба Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид намуд, ки мувофиқи он, барои ҳозир нашудан ба адои хидмати ҳарбӣ тибқи даъватнома, саркашӣ кардан ё гурехтан аз он ба муҳлати то 10 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шуд.

Барои зархаридӣ дар Тоҷикистон ҷазо пешбинӣ шудааст

Шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Русия борҳо огоҳ шуданд, ки аз иштирок дар амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ даст кашанд, зеро дар Тоҷикистон барои ин амал ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳанӯз моҳи март ҳомии ҳуқуқ Валентина Чупик зимни муроҷиат ба муҳоҷирон дар Русия ҳушдор дода буд, ки қурбони вазъият дар Украина нашаванд.

Ҳамчунин ҳуқуқшинос Наврӯз Одинаев низ қаблан дар бораи ҷазои пешбинишуда дар Тоҷикистон барои ҷангидан аз ҷониби Русия ё Украина муфассал маълумот дода буд.

Барои ин амалҳо дар моддаи 401 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Зархаридӣ, Наёмничество) чунин зикр мешавад:

1) Ҷалб, таълим, маблағгузорӣ ё таъминоти дигари моддии зархаридон, инчунин истифодаи онҳо дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 12 сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдоре, ки шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё нисбати ноболиғ содир намудааст,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 7 то 15 сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

3) Иштироки зархарид дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 12 то 20 сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе зархарид эътироф карда мешавад, ки махсус ҷалб гардида, бо мақсади гирифтани подоши моддӣ амал мекунад, шаҳрванди давлате намебошад, ки дар задухӯрдҳои муссалаҳона ё амалиёти  ҷангӣ иштирок мекунад,  дар ҳудуди он сукунати доимӣ надорад, ба ҳайати шахсии қувваҳои мусаллаҳи давлате, ки дар ҳолати ҷанг қарор дорад, шомил намебошад ва барои иҷрои вазифаҳои расмӣ дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби давлати дигар фиристода нашудааст.

Моддаи 401 (1)

Ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, инчунин иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо,

– бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 12 то 20 сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Ба ин тариқ, зархаридӣ (наёмничество) ё иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар қаламрави дигар кишварҳо ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин шуморида мешаванд.

Дар дигар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) низ чунин моддаҳо мавҷуд аст.

Дар сурати ҳалокат ё ҷароҳат бардоштан тибқи қонун ба зархаридон ҳатто дар қаламрави дигар кишварҳо низ ҷубронпулӣ пешбинӣ нашудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...