Гармидиҳӣ дар Душанбе. Имсол кадом иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд?

Дар муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” дар бораи бо гармӣ таъмин шудани кадом хонаву иншооти пойтахт дар мавсими тирамоҳу зимистони имсол маълумот доданд. Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 6 майи соли 2022 таҳти №220 дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 бо гармӣ таъмин намудани 3 ҳазор иншоот дар пойтахт ба нақша гирифта шудааст, ки […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” дар бораи бо гармӣ таъмин шудани кадом хонаву иншооти пойтахт дар мавсими тирамоҳу зимистони имсол маълумот доданд.

Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 6 майи соли 2022 таҳти №220 дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 бо гармӣ таъмин намудани 3 ҳазор иншоот дар пойтахт ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба мавсими гузашта 220 адад зиёдтар аст.

Кадом иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд?

Дар ноҳияҳои пойтахт ин тариқи зайл аст:

Ноҳияи Исмоили Сомонӣ – 544 иншоот

Ноҳияи Шоҳмансур – 658 иншоот

Ноҳияи Сино – 1346 иншоот

Ноҳияи Фирдавсӣ – 452 иншоот.

Аз ҷумла – биноҳои истиқоматӣ – 2394, иншооти соҳаи тандурустӣ – 67, маориф (мактаб ва муассисаҳои томактабӣ барои кӯдакон) – 183, корхона ва муассисаҳо – 356.

Дар мавсими имсола ба маҳаллаву иншооти зерин гармӣ дода мешавад:   

дар ноҳияи Сино

Маҳаллаҳои (микрорайонҳо)-и – 10, 11, 12, 13, 14, 15, 32, 33, 81, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, Испечак 1,2\1, 2\2, Зарафшон 1,2\1, 2\2, инчунин иловагӣ ба 41 иншоот, аз ҷумла дар кӯчаҳои Бобо Ҳамдам, Нусратулло Махсум, Ғафуров, Ҳувайдуллоев, Маяковский, аз инҳо 36 бинои истиқоматӣ, 5 муассисаи маъмурӣ ва таълимиву тарбиявӣ.

дар ноҳияи Шоҳмансур

Маҳаллаҳои – 191, 192, шаҳраки Бинокорон, маҳаллаи истиқоматии Айни 80, қисмати марказии ноҳия. Иловагӣ ба 145 иншоот дар кӯчаҳои Айнӣ, А. Дониш, Д. Барно, аз ҷумла 121 бинои истиқоматӣ, 7 муассисаи маориф, 3 муассисаи тиббӣ, инчунин 14 ташкилоти гуногун.

дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Қисматҳои ҷануб ва маркази ноҳия. Иловагӣ ба 26 иншоот, аз ҷумла 15 бинои истиқоматӣ дар кӯчаҳои Лоҳутӣ, Шоҳтемур, М. Турсунзода, М. Қурбонов ва 11 ташкилоту муасисаҳои гуногун.

дар ноҳияи Фирдавсӣ

Маҳаллаҳои – 21, 22, 23,24, 46, 61 ва 63, инчунин иловагӣ 5 иншоот, аз ҷумла 2 бинои истиқоматӣ ва 3 ташкилоту корхона.

Нархҳо чӣ гунаанд?

Таърифа (тарифҳо) ба гармидиҳӣ тағйир наёфтаанд. Нархҳо ба интиқоли мутамаркази энергияи гармӣ чунин аст:

аҳолӣ – 1,18 сомонӣ барои 1 метри мураббаъ бо назардошти ААИ.

ташкилотҳои буҷетӣ – 98,67 сомонӣ барои 1 Гккал гармӣ (бе назардошти ААИ).

ҳамаи дигар истеъмолгарон – 113,47 сомонӣ барои 1 Гккал гармӣ (бе назардошти ААИ).

Масъулият бар дӯши киҳост?

Мувофиқи қоидаҳои истифодаи энергияи гармӣ ҳадди масъулияти корхонаи таъминкунандаи гармӣ ва истеъмолгарони энергияи гармӣ муайян карда шудааст.

Муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” ба ҳамаи корҳо дар ин самт то нуқтаи тақсимоти гармӣ (элеватор), ки маъмулан дар паҳлӯи биноҳои истиқоматӣ ё таҳхонаи он воқеъ аст, масъул мебошад.

Ба ҳолати коммуникатсияҳои муҳандисӣ дар дохили бино, баргузории корҳои таъмир, ивази шабакаҳои гармидиҳӣ дар дохили биноҳо худи сокинони биноҳо масъуланд. Моликони манзил уҳдадоранд, ки ҳамаи шабакаҳои дохили биноро дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта, мукаммалии онро вайрон накунанд ва ба интиқоли гармӣ тариқи шабакаи ягонаи хона монеъа эҷод насозанд.

Муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе корҳои таъмиру барқарорсозиро дар шабакаҳои гармии зери масъулияташ босифат ва саривақт анҷом дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Русия ҳудуди 6 ҳазор муҳоҷирро аз қаламраваш ихроҷ мекунад

Онҳо пас аз рейдҳои мақомоти Русия аз ин кишвар ронда мешаванд.

Гарду ғубор дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ гуфт, чӣ гуна худро аз хокбориш ҳифз кард

Ҳавои ғуборолуд дар кишвар солҳои охир ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.