Барои 540 хонанда ва бо забони туркманӣ. Туркманистон дар Тоҷикистон мактаб бунёд мекунад

Дар Тоҷикистон аз ҷониби Туркманистон барои 540 хонанда мактаби нав бо забони туркманӣ бунёд карда мешавад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ, сохтмони мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон моҳи декабри соли равон шурӯъ мешавад ва ду сол […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон аз ҷониби Туркманистон барои 540 хонанда мактаби нав бо забони туркманӣ бунёд карда мешавад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, сохтмони мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон моҳи декабри соли равон шурӯъ мешавад ва ду сол идома меёбад.

Аз сафорат гуфтанд, Сардор Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон, ахиран бо имзои як қарор иҷоза додааст, ки бо ширкати паймонкор барои сохтмони мактаб дар Тоҷикистон қарордод банданд.

“Дар қарор зикр шудааст, ки корҳои сохтмони ин мактаб дар моҳи декабри соли 2022 оғоз гардида, иншоот моҳи декабри соли 2024 бояд ба истифода супорида шавад”, – гуфт манбаъ.

Дар қарори раисиҷумҳури Туркманистон гуфта шудааст, ки ин тасмим дар асоси анъанаҳои бузурги инсондӯстии аҷдодони туркман, муносибатҳои дӯстона, бародарона ва неки ҳамсоягии Туркманистон ва Тоҷикистон қабул шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 7 мактаб бо забони туркманӣ фаъолият мекунад.

Тибқи иттилое, ки АМИТ "Ховар" нашр намудааст, дар Тоҷикистон ҳудуди 25 ҳазор туркмантаборон дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун, Қубодиён ва Шаҳритуси вилояти Хатлон умр ба сар мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи сохтмони маҷмааи биноҳо моҳи ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисиҷумҳури вақти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба имзо расида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.