Энтони Блинкен: Созиши Ӯзбекистону Қирғизистон паёме ба кишварҳои минтақа аст

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико пас аз мулоқоти худ бо Владимир Норов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон гуфтааст, ки аз созиши Ӯзбекистону Қирғизистон дар масъалаи таъйину аломатгузории марз истиқбол мекунад ва онро паёме ба кишварҳои минтақа ҷиҳати ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳои марзӣ меҳисобад. Дар ин бора, centralasian.org хабар медиҳад. Энтони Блинкен ин изҳороти худро 12-уми декабр, […]

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико пас аз мулоқоти худ бо Владимир Норов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон гуфтааст, ки аз созиши Ӯзбекистону Қирғизистон дар масъалаи таъйину аломатгузории марз истиқбол мекунад ва онро паёме ба кишварҳои минтақа ҷиҳати ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳои марзӣ меҳисобад. Дар ин бора, centralasian.org хабар медиҳад.

Энтони Блинкен ин изҳороти худро 12-уми декабр, зимни баромади якҷоя бо Владимир Норов дар Департаменти давлатии Амрико иброз намудааст.

“Чун ҳамеша қайд мекунам, ки ИМА аз соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва тамомияти арзии Ӯзбекистон ҷонибдорӣ мекунад. Ман аз таъйин ва аломатгузории марзи Ӯзбекистон бо Қирғизистон истиқбол менамоям. Ин сигнали неруманде аст, барои кишварҳои дигари минтақа, ки баҳсҳои марзиро мешавад бо роҳи дипломатӣ ҳал кард”, – афзудааст ӯ.

Гуфтан ба маврид аст, ки пас аз баҳсҳои зиёд, моҳи ноябри соли ҷорӣ ин ду давлат дар масъалаи таъйину аломатгузоии марз тавонистанд ба мувофиқа расанд ва созишномаи ниҳоиро ба тасвиб расонанд.

Тасвиби созишнома дар Ӯзбекистон ба таври сокит ва бидуни баҳси зиёд ҷараён гирифт, аммо дар Қирғизистон боиси баҳсҳои зиёд гардид. Махсусан, ба ихтиёри Ӯзбекистон гузаштани мудирияти обанбори Кампиробод дар Қирғизистон гирдиҳамоиҳоро дар пай дошт, ки мақомоти Қирғизистон тавонистанд бо боздошту ҳабси эътирозгарон онро хомӯш кунанд.

Ҳамин тавр, дар назар буд, ки зимни сафари Шавкат Мирзиёев, ки моҳи декабр дар назар дошта шуда буд, созишномаҳои ба тасвибрасида миёни ду кишвар дар масоили сарҳадӣ табодул карда шаванд, аммо ин сафар бекор карда шуд.

Баҳси марзии дигаре, ки ҳоло дар минтақа боқӣ мемонад, миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аст. Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи мушаххассозии хати сарҳад миёни ду кишвар баҳсҳои шадид доранд ва баъзан ин баҳсҳо боиси сар задани муноқиша дар сарҳад низ мешавад. Охирин муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади ин ду кишвар 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо каси дигар захмӣ шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.