“Меҳмони хосса”. Вазири фарҳанг ба намоишгоҳи “Китоби Теҳрон” рафт

Имрӯз, 11-уми май, дар Эрон Намоишгоҳи 34-уми байналмилалии “Китоби Теҳрон” оғоз шуд. Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ин ҷашнвора “Рӯзи Тоҷикистон”-ро расман ифтитоҳ кард. Дар ин бора Манучеҳр Фақирмаҳмадов аз Раёсати байналмилалии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, беш аз 20 нафар ноширон, рассомон, кандакорон, дӯзандагон ва дигар намояндагони ҳунарҳои […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 11-уми май, дар Эрон Намоишгоҳи 34-уми байналмилалии “Китоби Теҳрон” оғоз шуд. Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ин ҷашнвора “Рӯзи Тоҷикистон”-ро расман ифтитоҳ кард. Дар ин бора Манучеҳр Фақирмаҳмадов аз Раёсати байналмилалии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, беш аз 20 нафар ноширон, рассомон, кандакорон, дӯзандагон ва дигар намояндагони ҳунарҳои мардумии тоҷикон дар ҷашнвораи байналмилалии “Китоби Теҳрон” Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд.

“Ҷашнвораи “Китоби Теҳрон” имрӯз бо ҳузури вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода расман ифтитоҳ шуд ва то 18-уми май идома хоҳад кард. Дар он ҷо китобҳои тозанашр, расмҳо, кандакориҳо, гулдӯзиҳо ва дигар ҳунарҳои миллии мо ба намоиш гузошта мешаванд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Манучеҳр Фақирмаҳмадов таъкид кард, ки Тоҷикистон ба ҳайси меҳмони хосса дар ин ҷашнвора иштирок менамояд.

Ҳамчунин, Фақирмаҳмадов илова кард, ки дар ҳошияи ифтитоҳи Намоиши байналмилалии “Китоби Теҳрон” дирӯз, 10-уми май, мулоқоти Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон Маҳдии Исмоилӣ доир гардид.

“Зимни сӯҳбат вобаста ба ҳамкории фарҳангӣ, аз ҷумла дар соҳаи театр, санъат ва нашри китобҳо табодули афкор анҷом дода шуд”, – афзуд ӯ.

Бояд гуфт, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” намояндагони 60 давлати дунё иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” аз маъруфтарин ҷашнвораҳои байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, солҳо ба ин сӯ фарҳангиёни тоҷик дар он ширкат меварзиданд.

Давоми чанд соли охир бо сабаби сард шудани муомилоти ду кишвар фарҳангиёни тоҷик дар ин ҷашнвора ширкат карда натавонистанд, вале пас аз ба нарми гароидани муносибатҳои Тоҷикистону Эрон дар ду соли охир намояндагони Тоҷикистон расман дар ҷашнвора ширкат мекунанд ва ҳунарҳои миллиро ба намоиш мегузоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.