Додситонии кул боздошти Абдуқодири Рустамро тасдиқ кард

Абдуқодири Рустам, нависанда ва муҳаққиқи тоҷик дар асоси моддаи 189, қисми 2, банди “г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне “Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” гумонбар ба ҳабс гирифта шудааст. Дар ин бора Додситонии кули кишвар зимни посух ба дархости хаттии хабаргузории “Азия-Плюс” хабар додааст. Ин ниҳод тасдиқ кардааст, ки Абдуқодири Рустам […]

Asia-Plus

Абдуқодири Рустам, нависанда ва муҳаққиқи тоҷик дар асоси моддаи 189, қисми 2, банди “г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне “Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” гумонбар ба ҳабс гирифта шудааст.

Дар ин бора Додситонии кули кишвар зимни посух ба дархости хаттии хабаргузории “Азия-Плюс” хабар додааст.

Ин ниҳод тасдиқ кардааст, ки Абдуқодири Рустам рӯзи 31-уми август боздошт гардидааст, аммо бо ишора ба моддаи 177 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва модаи 6, банди “ж” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” аз пешниҳоди маълумоти бештар худдорӣ намудааст.

Ҳамчунин, Додситонии кул таъкид кардааст, ки тибқи талаботи моддаи 15 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад.

Бояд гуфт, ки қаблан як манбаи “Азия-Плюс” дар мақомоти қудратӣ гуфта буд, боздошти Абдуқодири Рустам ба таҳқиқи парвандаи Абдухалил Холиқзода, соҳибкори тоҷик ва мудири Бемористони “Ибни Сино” рабт дорад ва нависанда пештар дар доираи ин парванда чанд маротиба бозпурсӣ шуда буд.

Тахмин меравад, ки боздошти Абдуқодири Рустам ба нашри китоби Абдухалил Холиқзода “Ҳаводиси рӯзгори ман” рабт дорад, ки моҳи марти имсол рӯнамоӣ шуд. Дар китоби мазкур муаллиф ба Абдуқодири Рустам вироиш ва тасҳеҳи матн арзи сипос кардааст.

Наздикони Абдуқодири Рустам бо расонаҳо дар ин бора суҳбат намекунанд.

Абдуқодири Рустам, ки бо пайванд бо ин китоб боздошт шудааст, 65 сол дорад ва дар гузашта дар нашриёти “Ирфон” кор карда, як муддат рӯзноманигорӣ ҳам кардааст. Вай муаллифи чанд роман ва омодакунандаи “Девон"-и Рӯдакӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 15-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, Абдухалил Холиқзода бо иттиҳоми барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ боздошт шудааст ва ӯ супориш дод, ки ӯро ба ҳабс гиранд.

Назари худи Абдухалил Холиқзода ва пайвандони ӯ нисбати ин иттиҳом маълум нест. Наздикони Холиқзода аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ мекунанд.

Ин китоби дуввуми Абдухалил Холиқзода аст, ки дар он муаллиф аз фазои номусоиди соҳибкорӣ дар кишвар, фасод, паст шудани сатҳи фарҳанг ва таълим изҳори нигаронӣ кардааст.

Баъзе аз бахшҳои китоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тундеро ба миён оварда буд ва муаллифро ба он гунаҳкор мекарданд, ки ба иззати нафси сокинони бархе аз минтақаҳои кишвар расидааст. Ин гуфтугузорҳо баҳси маҳалгароиро дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ доғ кард.

Абдухалил Холиқзодаи 57-сола хатмкардаи факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Ӯ баъди чанд соли кор дар хориҷи кишвар, махсусан Ҳиндустон дар соли 2008, ҳамроҳ бо сармоягузори эронӣ Бемористони “Ибни Сино”-ро таъсис дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.