“Омӯзгориро бо ҳама мушкилот қабул кардам”. Омӯзгори соли Тоҷикистон муайян шуд

Абдуқаҳҳори Сулаймон, омӯзгори фанни физика ва астрономияи мактаби президентии хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб “Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2023” эълон шуд. Ҷоизаи мазкур дар Рӯзи омӯзгор ба ғолиби озмун тақдим гардид. Абдуқаҳҳори Сулаймон кист, чаро пешаи омӯзгориро интихоб кард ва барои кадом заҳматҳояш “Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2023” интихоб шуд? Бояд гуфт, ки озмуни ҷумҳуриявии […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Абдуқаҳҳори Сулаймон, омӯзгори фанни физика ва астрономияи мактаби президентии хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб “Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2023” эълон шуд. Ҷоизаи мазкур дар Рӯзи омӯзгор ба ғолиби озмун тақдим гардид.

Абдуқаҳҳори Сулаймон кист, чаро пешаи омӯзгориро интихоб кард ва барои кадом заҳматҳояш “Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2023” интихоб шуд?

Бояд гуфт, ки озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2023” рӯзҳои 28-30-юми сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор гардид ва дар он 5 омӯзгор аз минтақаҳои кишвар барои ғолибият рақобат карданд. Пас аз хулосаи ҳакамон, Абдуқаҳҳори Сулаймон, омӯзгори фанни физика ва астрономия аз Кӯлоб ғолиби озмун ва “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2023” интихоб шуд.

Абдуқаҳҳори Сулаймон се сол инҷониб дар мактаби президентии хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб фаъолият дорад. Ӯ дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки касби омӯзгориро бо ҳама мушкилоташ қабул кардааст ва мехоҳад, ки барои шогирдонаш мояи ибрат бошад.

Ӯ дар замоне ки бархе омӯзгорон аз музди меҳнати нокофӣ ва шароити нохуби зиндагӣ шикоят доранду тарки пеша кардаву рӯй ба муҳоҷират меоранд, омӯзгори соли кишвар муаррифӣ шуд ва мегӯяд, ба касби омӯзгорӣ муҳаббат дорад ва ҳамвора дар пайи ҷӯстуҷӯву такмили дониши худ аст.

“Ҳар нафаре, ки ба касби омӯзгорӣ шавқу рағбат дорад ва онро сидқан дӯст медораду барои такмили донишу маҳораташ ҳамеша пайи омӯзиш ҳаст, аз касбаш ифтихор мекунад ва аз ин касб соҳиби иззату обрӯ мегардад”, – мегӯяд Абдуқаҳҳори Сулаймон.

Ба ақидаи ӯ, “наврасони имрӯз дониши хубу ҷаҳонбинии васеъ доранд ва бо кунҷкобию суолҳои гуногун омӯзгори сустро хиҷолатзадаву забонкӯтоҳ мекунанд”.

“Ман дар ҳама ҷо аз ин касбу аз ихтисосам ҳарф мезадаму ифтихор мекардам ва то ҳол ҳам чунин аст. Ҷомеа ва ба вижа хонанда дар чеҳраи омӯзгор бояд шахси босавод, хушмуомила ва хушахлоқро дида тавонад, то мояи ибрат гардад шавад”, – таъкид мекунад Абдуқаҳҳори Сулаймон.

Ӯ дар давоми солҳои фаъолияти омӯзгорӣ дастикам 4 дастури таълимӣ – методӣ таҳияву нашр кардааст. Ҳоло рисолаи илмии худро дар самти астрономия зери роҳбари доктори илмҳои таърих, порфессор Хайёл Бобоев мехоҳад ҳимоя кунад. Ин яке аз омилҳое будааст, ки барои ғолиб омадани ӯ дар озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2023” мусоидат кардааст.

“Аммо муҳимтарин омил, фикр мекунам, муваффақияти шогирдони ман мебошад. То ба имрӯз 17 нафар шогирдони ман дар олимпиадаи ҷумҳуриявиву байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд”, – гуфт Абдуқаҳҳори Сулаймон.

Ҳамчунин, Сулаймони Абдуқаҳҳор бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва “Ҷоизаи давлатии барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” қадрдонӣ шудааст.

Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2023” дар мактаби №65-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.

“Аъзои ҳакамон ба маҳорати довталабон аз рӯйи талабот ва низомномаи озмун баҳогузорӣ карданд. Дар даври ҷумҳуриявии озмун Абдуқаҳҳори Сулаймон аз рӯйи шартҳои муаррифии таҷрибаи корӣ, баргузории маҷлиси падару модарон, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, соати тарбиявӣ, ҷавоб додан ба 10 савол ва кор бо компютер бартарӣ нишон дод”, – гуфт Наврӯзи Мирзо.

Сухангӯи вазорат афзуд, ки рӯзи 30-юми август, ба пешвози Рӯзи омӯзгорон, дар шаҳри Душанбе ин ҷоиза ба ғолиби озмун эҳдо гашт ва Абдуқаҳҳори Сулаймон “Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2023” эълон шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола якшанбеи якуми моҳи октябр дар Тоҷикистон Рӯзи омӯзгор таҷлил ва дар арафаи он, ғолиби озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” муайян карда мешавад. Мақсади асосии озмуни мазкур дарёфти омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, ҳамчунин тарғиб ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгорони беҳтарини Тоҷикистон мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.