Қадами Қурбон дар барномаи Андрей Малахов ширкат кардааст

Овозхон ва ширинкори тоҷик Қадами Қурбон бо иҷрои таронаҳои шӯх дар барномаи “Песня от всей души”-и Андрей Малахов ширкат кардааст. Дар наворе, ки дирӯз, 26-уми октябр, дар Ютуб интишор гардид, дида мешавад, Қадами Қурбон дар иҳотаи духтарон мерақсаду сурудҳои шӯх мехонад. Андрей Малахов овозхон ва ширинкори тоҷикро дар барномааш “Қадами Қурбон – ситораи Тоҷикистон!” муаррифӣ […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Овозхон ва ширинкори тоҷик Қадами Қурбон бо иҷрои таронаҳои шӯх дар барномаи “Песня от всей души”-и Андрей Малахов ширкат кардааст.

Дар наворе, ки дирӯз, 26-уми октябр, дар Ютуб интишор гардид, дида мешавад, Қадами Қурбон дар иҳотаи духтарон мерақсаду сурудҳои шӯх мехонад.

Андрей Малахов овозхон ва ширинкори тоҷикро дар барномааш “Қадами Қурбон – ситораи Тоҷикистон!” муаррифӣ кардааст.

Интизор меравад, ки барнома рӯзи 29-уми октябри соли 2023, соати 17:50 ба вақти Маскав дар шабакаҳои телевизионии Русия нашр шавад.

Бояд гуфт, ки барномаи “Песня от всей души”-и рӯзноманигори шинохтаи рус Андрей Малахов яке аз сербинандатарин барномаҳои телевизионҳои Русия маҳсуб мешавад.

Ин барнома бо ҳузури шинохтатарин чеҳраҳои фарҳангу ҳунар ҳар рӯзи якшанбе аз телевизиони “Россия-1” ба эфир меравад.

Қадами Қурбон яке аз овозхонҳои дар чанд соли охир шӯҳратёфтаи тоҷик аст, ки бештар сурудҳои шӯху тӯёна месарояд. Бо ин вуҷуд, ки Қадами Қурбон мухлиси зиёд дорад, аз сӯи дигар, аз ҷониби сарояндагону фарҳангиён бо хондани сурудҳои каммаънову каммазмун интиқод мешавад.

Ёдовар мешавем, Қадами Қурбон 1-уми феврали соли 1974 дар деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Падараш Гулмаҳмад Қурбонов, омӯзгори фанни химия ва биология буд. Модараш қаҳрамонмодар аст.

Ӯ дар мактаби №11-и ба номи Алишер Навоӣ (ҳоло МТМУ № 33) таҳсил кардааст. Солҳои 1993 – 1995 дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ хидмати ҳарбиро адо кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.