Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба роҳбари тоҷикони Қазоқистон ордени “Эл бирлиги” тақдим кард

Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба Акбарҷон Исмоилов, муовини раиси Ассамблеяи халқи Қазоқистон ва роҳбари ҷамъияти тоҷикон дар ин кишвар, ордени “Эл бирлиги” (“Ваҳдати халқ”) тақдим кард. Дар ин бора DKNews.kz хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ин орден рӯзи 24-уми октябр дар қароргоҳи Қасри сафед дар арафаи ҷашни миллии Рӯзи Ҷумҳурии Қазоқистон ба Акбарҷон Исмоилов супорида […]

Asia-Plus

Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба Акбарҷон Исмоилов, муовини раиси Ассамблеяи халқи Қазоқистон ва роҳбари ҷамъияти тоҷикон дар ин кишвар, ордени “Эл бирлиги” (“Ваҳдати халқ”) тақдим кард. Дар ин бора DKNews.kz хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин орден рӯзи 24-уми октябр дар қароргоҳи Қасри сафед дар арафаи ҷашни миллии Рӯзи Ҷумҳурии Қазоқистон ба Акбарҷон Исмоилов супорида шудааст.

“Акбарҷон Исмоилов барои хидматҳояш дар таҳкими ваҳдати халқ, таъмини ваҳдати ҷамъиятӣ, ваҳдати миллӣ ва корҳо фаъоли ҷамъиятиву хайриявӣ бо ордени “Эл бирлиги” сарфароз шуд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки ордени “Эл бирлиги” барои хидматҳои шоиста дар назди кишвару миллат сарфароз мегардад.

Бояд гуфт, ки Акбарҷон Исмоилов соли 1988 дар Қазоқистон ба дунё омадааст, аммо ӯ тоҷиктабор мебошад. Ӯ ҳоло роҳбари ҷамътияти тоҷикон ва ва муовини раиси Анҷумани халқҳои Қазоқистон аст.

Ӯ баъди ба ин вазифа таъйин гардидан бо “Азия-Плюс” мусоҳиба анҷом дода, андешаву ҳадафҳои ояндаи худро муфассал иброз дошта буд, ки метавонед бо пахши пайванди мазкур, онро мутолиа намоед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.