Дар фурудгоҳи Душанбе низоми мустақилона аз қайд гузаштани мусофирон роҳандозӣ мешавад

ВКХ, КДАМ ва Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки дар фурудгоҳи Душанбе низоми наверо роҳандозӣ намоянд, ки ба мусофирон барои мустақилона аз қайд гузаштан имкон медиҳад. Дар ин бора рӯзи 31 январ зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Дилшод Сафарзода хабар дод. “Ин низоми нави Smart Gate мебошад, ки дар он мусофирон […]

Asia-Plus

ВКХ, КДАМ ва Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки дар фурудгоҳи Душанбе низоми наверо роҳандозӣ намоянд, ки ба мусофирон барои мустақилона аз қайд гузаштан имкон медиҳад.

Дар ин бора рӯзи 31 январ зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Дилшод Сафарзода хабар дод.

“Ин низоми нави Smart Gate мебошад, ки дар он мусофирон метавонанд дар шакли электронӣ худро ба қайд гузоранд, – гуфт Сафарзода. – Мусофир шиносномаашро тариқи дастгоҳи махсус гузаронида, ба ин тариқ худаш ба қайд гузошта мешавад”.

Мутаносибан, ба қавли Сафарзода, ба ҳузури ҷисмонии сарҳадбон ё корманди фурудгоҳ зарурат боқӣ намемонад.

Директори Агентӣ илова намуд, ки дастгоҳҳои Smart Gate аллакай дар фурудгоҳи Душанбе насб шуда, ба таври озмоишӣ кор мекунанд.

Сафарзода зикр кард, ки низоми мазкур барои ҳалли мушкили дер гоҳ истодани мусофирон зимни азназаргузаронӣ дар фурудгоҳи Душанбе роҳандозӣ мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, чунин ҳолатҳо замоне ба миён меоянд, ки мусофирони якбора якчанд хатсайр дар назди  нуқтаҳои азназаргузаронии сарҳадӣ дар фурудгоҳ ҷамъ мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.