“Метавон осуда нафас гирифта, ашки шодӣ рехт”. Сулаймон сӯзандоруи деринтизори худро гирифт

Арзиши сӯзандору ҳудуди 1,4 млн долларро ташкил медиҳад. Барои наҷоти Сулаймон тамоми мардуми Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя кумак карданд. Аз вазъи душвори Сулаймон ҳамаи кишвар мутаассир шуд, зеро муолиҷаи бемории нодири ӯ – атрофияи мушаки пушти бадан (СМА) танҳо бо доруи гаронарзиш – «Золгенсма» имкон дошт. Барои нархи ниҳоят гарони худ ин доруворӣ дар Китоби […]

Asia-Plus

Арзиши сӯзандору ҳудуди 1,4 млн долларро ташкил медиҳад. Барои наҷоти Сулаймон тамоми мардуми Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя кумак карданд.

Аз вазъи душвори Сулаймон ҳамаи кишвар мутаассир шуд, зеро муолиҷаи бемории нодири ӯ – атрофияи мушаки пушти бадан (СМА) танҳо бо доруи гаронарзиш – «Золгенсма» имкон дошт.

Барои нархи ниҳоят гарони худ ин доруворӣ дар Китоби рекордҳои Гинес дохил аст.

Дар аввал нархи доруи «Золгенсма» ҳудуди 2,125 млн долларро ташкил медод, аммо бо сабаби он, ки Русия бо ширкати истеҳсолкунандаи Novartis қарордод дошт (Тоҷикистон надорад), сӯзандоруро бо нархи ҳудуди 1,4 млн доллар харидан мумкин буд. Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки дору тариқи Русия харида мешавад.

Ҷамъоварии маблағ моҳи декабри соли 2023 қатъ шуд. Ба гуфтаи модари Сулаймон, вақте ки ӯ тамоман умедашро аз даст дода буд, як шахси хайрхоҳе аз Русия бидуни ифшои ному насаби худ маблағи боқимондаро, ки ҳудуди 204 ҳазор долларро ташкил медод, ба фонди “Люди-маяки” интиқол дод.

Оилаи Сулаймон ба ин шахси хайрхоҳу эҳсонкор, фонди “Люди-маяки”-и Русия, фонди “Рука доброты”-и Тоҷикистон, Мансур Нигматов ва албатта, ба ҳар касе, ки хайрашро дареғ надошт, самимона изҳори минаттдорӣ кард.

Вақте ки маблағи зарурӣ ҷамъоварӣ шуд, фонди “Люди-маяки”-и Русия доруи “Золгенсма”-ро аз истеҳсолкунанда фармоиш дод.

То дарёфти ин дору, дар муддати қариб як сол Сулаймон доруи дастгирикунандаи “Рисделпам” истеъмол мекард. Ин дору бемориро муолиҷа карда наметавонист, лекин муваққатан рушди миенбаъдаи онро бозмедошт. Арзиши 1 воя (доза)-аш 8 ҳазор доллар нарх дорад. Хароҷоти ин доруро худи волидони Сулаймон пардохт мекарданд.

Рӯзи 9 апрели соли 2024 Сулаймон дар ниҳояти кор “сӯзандоруи деринтизори ҳаёт” – ZOLGENSMA-ро гирифт.

“Интизорӣ тӯлонӣ буд, вале сарфи назар аз ҳама чиз, мо ба мақсад расидем ва акнун метавон осуда нафас кашиду ашки шодӣ рехт, гиря аз он, ки мо ҳама ҳамроҳ билохира то пирӯзӣ расидем!”, – хурсандӣ мекунанд волидони Сулаймон.

Волидони кӯдак ба ҳамаи онҳое, ки дар ин муддат ба хотири шифои Сулаймон дасти дуо бардоштаву онҳоро дастгирӣ карданд ва дар ҷамъоварии маблағ саҳм гузоштанд, самимона арзи сипос мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.