Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигори тоҷикро дар зодгоҳаш ба хок супориданд

Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигори саршиноси кишвар, ки имрӯз, 2-юми май дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт, дар зодгоҳаш шаҳри Истаравшан ба хок супориданд. Дар ин бора Наргис Султонзода, сухангӯи ҳукумати Истаравшан ба “Азия- плюс” иттилоъ дод. Сабаби марги марҳум, беморие будааст, ки солҳои охир дар он ранҷ мекашид. Дар маросими дафни ӯ, Атҳам Маъмурзода, раиси шаҳри […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигори саршиноси кишвар, ки имрӯз, 2-юми май дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт, дар зодгоҳаш шаҳри Истаравшан ба хок супориданд. Дар ин бора Наргис Султонзода, сухангӯи ҳукумати Истаравшан ба “Азия- плюс” иттилоъ дод.

Сабаби марги марҳум, беморие будааст, ки солҳои охир дар он ранҷ мекашид.

Дар маросими дафни ӯ, Атҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшан, Зиннатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дигар шахсони расмиву рӯзноманигорон ширкат доштанд.

Сайфулло Маҳкамов барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2022 аст. Ӯ аз соли 1976 аъзои иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 1993 узви конфедератсияи байналхалқии журналистон буд.

Номбурда аз соли 1994 то 2000-ум депутати Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Уротеппа (Истаравшани ҳозира), аз соли 2000 то 2005 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан буд.

Сайфулло Маҳкамов ба кори нависандагӣ ҳам даст задааст. Вай муаллифи 32 китобу очерк дар мавзуҳои мухталиф аст. «Сарбози Инқилоб», «Бӯи хун», «Фидоӣ», «Фарзанди Истаравшан», «Хишти аввал», «Сарчашмаи зиндагӣ», «Саҳифаҳои нонавишта аз таърихи Ӯротеппа” ва ғайраҳо аз ҷумлаи осори ӯ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.