Рамазон Раҳимзода бо Якоб Схермерс истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро баррасӣ кардааст

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Николаас Якоб Схермерс, сафири мухтори Шоҳигарии Нидерланд дар Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро баррасӣ кардааст. Дафтари матбуоти ин ниҳод хабар медиҳад, ки  ин мулоқот дирӯд, 1-уми май, баргузор шуда, дар рафти он ҳамчунин, тақвияти ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва муборизаи босамар […]

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Николаас Якоб Схермерс, сафири мухтори Шоҳигарии Нидерланд дар Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро баррасӣ кардааст.

Дафтари матбуоти ин ниҳод хабар медиҳад, ки  ин мулоқот дирӯд, 1-уми май, баргузор шуда, дар рафти он ҳамчунин, тақвияти ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва муборизаи босамар бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи воситаҳои нашъадор, мубодилаи иттилоот ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон муҳокима гардидааст.

Ҳамчунин, доир ба ҳолати кунунии дурнамои вазъи минтақа, ҷаҳон ва дигар масоили мубрами рӯз табодули афкор сурат гирифтааст.

“Дар рафти вохӯрӣ масъалаи муҳим ин дастгир намудан ва ба Тоҷикистон истирдод намудани шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта баррасӣ гардид”, – таъкид мешавад дар хабар.

Бояд гуфт, ки соли 2023 чанд мавриди истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла аз кишварҳои аврупоӣ сабт шудааст. Мақомоти Тоҷикистон иддао доранд, ки истирдоди ин афрод ва муҷозоти онҳо бар асоси далелҳои марбут ба содир кардани ҷинояти онҳо сурат гирифтааст.

Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли 2023 бо дархости кишвар беш аз 200 ҷинояткор боздошт ва истирдод шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 100 нафар бештар аст. Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, додситони кул, афроди истирдодшуда барои содир кардани ҷиноятҳои гуногун ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Тоҷикистон бо кадом кишварҳо дар бораи истирдод қарордод дорад ва бо кадом кишварҳо чунин созишномаҳо баррасӣ мешаванд, инҷо бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.