Беш аз 80 ҳазор зани муҳоҷири тоҷик ба ватан баргаштанд

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 78,7 ҳазор зан аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 10,7 ҳазор кам аст. Зимнан, теъдоди заноне, ки дар ин муддат аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан баргаштанд, 80,5 ҳазорро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 16,5 ҳазор нафар бештар аст. Дар […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 78,7 ҳазор зан аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 10,7 ҳазор кам аст.

Зимнан, теъдоди заноне, ки дар ин муддат аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан баргаштанд, 80,5 ҳазорро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 16,5 ҳазор нафар бештар аст. Дар ин бора Бунафша  Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 5-уми август, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Файзиддинзода сабаби коҳиши теъдоди занонеро, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ, махсусан, ба Русия мераванд, ба ҷорӣ гардидани қонунҳои шадид барои муҳоҷирон рабт дод.

Воқеан, чанд вақти охир дар Русия талабот оид ба ҳуҷҷатгузорӣ шадид гардида, муҷозот барои нақзи қонунҳои муҳоҷират сангин шуд. Ҳамчунин, вуруд ба Русия низ барои муҳоҷирон, махсусан аз Тоҷикистон душвор гардид.

Раиси Кумита ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар ин муддат қариб 39,3 ҳазор зан ба Агентии меҳнат муроҷиат намуданд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли 2023 2,3 ҳазор зиёд аст. Аз ин теъдод 30 ҳазор зан барои кор муроҷиат кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 2,2 ҳазор бештаранд. Ҳамзамон, 17 ҳазор зан мақоми бекорӣ гирифта, 19,8 ҳазор зан бо кори доимӣ таъмин шуданд. Аксарияти онҳо занҳое буданд, ки аз муҳоҷирати корӣ ба ватан баргаштаанд.

Дар зарфи 6 моҳ зиёда аз 9,3 ҳазор зан касбу ҳунарҳои гуногунро азхуд карданд. Онҳо дӯзандагӣ, нонпазӣ ва мисли ин ҳунарҳоро омӯхта, дар корхонаҳо ба фаъолият пардохтанд.

“Онҳое, ки маълумот ва малакаи касбӣ надоранд, барои гирифтани шаҳодатнома ва дарёфти ҷойи кор махсус омӯзиш дода мешаванд.” – гуфт раиси Кумита.

Солҳои охир ҳукумати Русия дар робита ба муҳоҷират қонуну қоидаҳои нав ҷорӣ кардааст, ки дарёфти иҷозатномаи кор ва будубош дар ин кишварро мушкилтар сохт. Ба гуфтаи муҳоҷирон баъди моҳи марти имсол онҳоро бидуни сабаб ё сабабҳои кӯчак аз қаламрави кишвари Русия ихроҷ мекунанд. Ҳабибулло Назарзода, директори Агентии авиатсияи гражданӣ 24-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ 3400 шаҳрванди Тоҷикистон аз фурудгоҳҳои Русия ихроҷ карда шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио