Ҷустуҷӯи 264 сокини Истаравшан. Аксари онҳо бо иттиҳоми тундгароӣ дар пайгард будаанд

Мақомоти Тоҷикистон 264 сокини шаҳри Истаравшанро ҷустуҷӯ доранд. Аксари онҳо барои содир кардани ҷинояти марбут ба тундгароӣ муттаҳам мешаванд. Раиси шарҳ мегӯяд, вазъ нигаронкунанда аст. Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ гуфт, айни замон 264  сокини шаҳр дар пайгарди мақомот қарор доранд ва аксари онҳо бо иттиҳоми пайравӣ аз гурӯҳҳои тундгаро […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Мақомоти Тоҷикистон 264 сокини шаҳри Истаравшанро ҷустуҷӯ доранд. Аксари онҳо барои содир кардани ҷинояти марбут ба тундгароӣ муттаҳам мешаванд. Раиси шарҳ мегӯяд, вазъ нигаронкунанда аст.

Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ гуфт, айни замон 264  сокини шаҳр дар пайгарди мақомот қарор доранд ва аксари онҳо бо иттиҳоми пайравӣ аз гурӯҳҳои тундгаро расман ҷустуҷӯ мешаванд.

“Мақомот аксари онҳоро тибқи моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷустуҷӯ дорад. Танҳо дар шаш моли соли равон 51 нафар сокинони шаҳри Истаравшан бо моддаҳои вобаста ба терроризму эекстремизм ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд”, – афзуд Маъмурзода.

Дар умум, ба қавли Маъмурзода, давоми ним соли аввали соли ҷорӣ дар шаҳр 409 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 адад зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки шаҳри Истаравшан якҷо бо Исфара ва ноҳияи Спитамен аз минтақаҳои осебпазир дар самти гароиш ба гуруҳҳои ифротӣ дар шимоли кишвар дониста мешавад. Теъдоди онҳое, ки дар ин шаҳру навоҳӣ бо ҷурми ифротгароӣ муттаҳам гардида, равонаи зиндон шудаанд, нисбат ба дигар минтақаҳои вилоят бештар будааст. Махсусан, теъдоди онҳое, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи кишварҳои ҷангзада иштирок кардаву дар пайгарданд ва қисме зиндонӣ ҳам шудаанд, дар ин шаҳрҳо бештар будаанд.

Аммо солҳои охир раванди иштироки сокинони ин шаҳрҳо дар ҷангҳои кишварҳои бегона кам шуда, вале муттаҳамон бо моддаи 307, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм афзоиш ёфтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.