Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд

То нимаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 3 ҳазору 629 шахси бешаҳрванд ва 10 ҳазору 381 гуреза шахси паноҳҷӯ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо (UNHCR) хабар додааст. Манбаъ гуфтааст, ки аксари шахсони бешаҳрванд собиқ шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ ё хешу табори онҳо мебошанд, ки ҳанӯз шаҳрвандии давлатҳои мустақилро […]

Asia-Plus

То нимаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 3 ҳазору 629 шахси бешаҳрванд ва 10 ҳазору 381 гуреза шахси паноҳҷӯ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо (UNHCR) хабар додааст.

Манбаъ гуфтааст, ки аксари шахсони бешаҳрванд собиқ шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ ё хешу табори онҳо мебошанд, ки ҳанӯз шаҳрвандии давлатҳои мустақилро дарёфт накардаанд.

“Бе доштани шаҳрвандӣ, дастрасӣ ба ҳуқуқ ва хизматрасониҳои асосӣ, аз ҷумла таҳсил, тандурустӣ ва шуғл барои онҳо (шахсони бешаҳрванд дар назар аст,-идора) душвор мебошад”- гуфтааст ин ниҳоди байналмилалӣ.

Зимнан, Комиссариати олии СММ соли 2015 гуфта буд, наздик ба 42 ҳазор сокини Тоҷикистон шиноснома надоранд ё бо шиносномаҳое ба сар мебаранд, ки мӯҳлати эътиборашон гузаштааст.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Фарғона” бо такя ба иттилои дафтари Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо (UNHCR) дар Осиёи Марказӣ навиштааст, ки дар 10 соли охир шумораи шахсони бешаҳрванд дар кишварҳои минтақа 7 маротиба коҳиш ёфтааст.

Бар пояи ин маълумот, дар соли 2014, вақте ки маъракаи ҷаҳонии «IBelong» («Ман тааллуқ дорам») оғоз шуд, 252,2 ҳазор шахси бешаҳрванд дар  тамоми Осиёи Марказӣ сабт шуда буд. Ба ҳолати 30-юми октябри соли ҷорӣ, ин нишондиҳанда дар минтақа то 34,2 ҳазор коҳиш ёфтааст.

Бештари онҳое, ки бешиноснома умр ба сар мебаранд дар Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудаанд. Дар он ҷо 22,4 ҳазор шахси бешаҳрванд мавҷуд аст.

Баъд аз он Қазоқистон аст, ки дар он ҷо 7,4 ҳазор шахс бе шаҳрвандӣ аст.

Ба иттилои ин ниҳод, Қирғизистон ва Туркманистон бешаҳрвандиро пурра “решакан” карданд. Бар пояи гузориши UNHCR, Қирғизистон ҳанӯз дар соли 2019 аввалин кишвари ҷаҳон гардид, ки дар он шахсони бешаҳрванд умр ба сар намебаранд.

Дар бораи чунин дастовард мақомоти Туркманистон дар миёнаҳои моҳи октябри соли ҷорӣ хабар дода буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.