Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд

Шуруъ, аз 1-уми феврали соли равон Арабистони Саудӣ барои ҳамаи мусофироне, ки ба ин кишвар ворид мешаванд, гувоҳномаи эмгузаронӣ бар зидди бемории илтиҳоби пардаҳои майна ё менингит талаб мекунад. Дар ин бора Вазорати тандурустии ин кишвар хабар дода, навиштааст, ки ин талабот ба ҳамаи мусофирони аз 2-сола боло, аз ҷумла ба зоироне, ки барои адои Ҳаҷ […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Шуруъ, аз 1-уми феврали соли равон Арабистони Саудӣ барои ҳамаи мусофироне, ки ба ин кишвар ворид мешаванд, гувоҳномаи эмгузаронӣ бар зидди бемории илтиҳоби пардаҳои майна ё менингит талаб мекунад.

Дар ин бора Вазорати тандурустии ин кишвар хабар дода, навиштааст, ки ин талабот ба ҳамаи мусофирони аз 2-сола боло, аз ҷумла ба зоироне, ки барои адои Ҳаҷ ва Умра ба Арабистони Саудӣ мераванд, дахл дорад.

Ба гуфтаи манбаъ, мусофирон бояд ваксинаи чорҷузъии “Neisseria” гиранд ва гувоҳномаи эмгузарониро то 10 рӯз пеш аз сафар ба даст оварданд.

Гуфта мешавад, ки ин тадбир барои таъмини бехатарии саломатӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷорӣ шудааст.  

Илтиҳоби пардаҳои майна (менингит) – бемории илтиҳоби пардаҳои мағзи сар ва ҳароммағз мебошад. Менингит метавонад боиси фавт гардад ва табобати фавриро талаб мекунад. Бактерияҳо, вирусҳо, замбӯруғҳо ва паразитҳои гуногун метавонанд омили ин беморӣ бошанд. Аксари вақт он метавонад аз як шахс ба шахси дигар сироят кунад. Ба ин беморӣ шахсони синну соли гуногун метавонанд мубтало шаванд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола аз Тоҷикистон садҳо нафар барои адои Ҳаҷи фарзӣ ва Умра ба Арабистони Саудӣ мераванд. Мусулмонон ҳаҷҷи фарзиро дар арафаи иди Қурбон анҷом медиҳанд ва он бештар аз 1 моҳ идома мекунад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2024 Арабистони Саудӣ барои сокинони Тоҷикистон 7 ҳазор квота барои адои Ҳаҷи фарзӣ ҷудо карда буд. Ҳамчунин, соли 2024 се нафар сокини кишвар дар пайи гармии ҳаво дар Арабистони Саудӣ ҷон бохта буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.