Боздошти як ҷавон бо иттиҳоми куштори холааш дар Душанбе

Мақомоти милитсияи пойтахт як сокини 29-солаи шаҳри Душанберо бо гумони куштори холааш (хоҳари модараш) дар ҳолати сархушӣ боздошт кардаанд. Сабаби куштор “баҳсу муноқиша байни ҳамдигар” гуфта мешавад. ВКД аз ин ҷавон ва ҳамчунин зан ном набурадааст ва танҳо ишора кардааст, ки онҳо хешони наздик (ҷияну хола) будв, сокинони 29 ва 42-солаи пойтахт мебошанд. Сабаби марги зан […]

Мақомоти милитсияи пойтахт як сокини 29-солаи шаҳри Душанберо бо гумони куштори холааш (хоҳари модараш) дар ҳолати сархушӣ боздошт кардаанд. Сабаби куштор “баҳсу муноқиша байни ҳамдигар” гуфта мешавад.

ВКД аз ин ҷавон ва ҳамчунин зан ном набурадааст ва танҳо ишора кардааст, ки онҳо хешони наздик (ҷияну хола) будв, сокинони 29 ва 42-солаи пойтахт мебошанд.

Сабаби марги зан “3-4 зарби пой  дар рӯйю сар” ва "хунравии зиёд" гуфта мешавад.

“Баъдан ҷабрдидаро, ки аз сару рӯй ва даҳонаш хун саршор будааст, ба ҳаммоми хонаи истиқоматиаш дароварда, сару рӯяшро шуста, либосҳои дар тан доштаи холаашро иваз намуда, дидаву дониста дар айвони сарди хонааш гузоштааст, ки марҳум аз сабаби хунравии зиёд ба ҳалокат расидааст”, – навиштааст ВКД.

Нисбати гумонбаршаванда барои одамкушӣ ё моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон паврандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Ин банди қонунгузорӣ аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Боздошти гумонбарон барои куштори яъзоёни оила ва ё хешовандон бори аввал нест. Аз ҷумла, моҳи августи соли 2024 Ҳукмиддин Салоҳиддинов, бо гумони куштори хоҳарбузургаш Шодиой Салоҳиддиноваи 46 сола боздошт шуда буд.

Инчунин, 31-уми августи соли гузашта Илҳом Раззоқови 26-сола бо гумони куштори ҳамсараш Баҳринисо Боқиева 22 сола бо роҳи буғӣ кардан дастгир шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.