Ромиш Шералӣ – меросбари шоири номвар Лоиқ Шералӣ даргузашт

Ромиш Шералӣ, писари шоири номвар Лоиқ Шералӣ пеш аз зуҳри имрӯз дар 54-солагӣ дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Даргузашти ӯро бародараш Диловар Шералӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Ромиш Шералӣ чанд сол инҷониб аз бемории дил ранҷ мекашид ва дар бемористонҳои Душанбе табобат мегирифт. “Субҳи имрӯз хестанд, бо пайвандон суҳбат карда, гуфтанд, […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ромиш Шералӣ, писари шоири номвар Лоиқ Шералӣ пеш аз зуҳри имрӯз дар 54-солагӣ дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Даргузашти ӯро бародараш Диловар Шералӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Ромиш Шералӣ чанд сол инҷониб аз бемории дил ранҷ мекашид ва дар бемористонҳои Душанбе табобат мегирифт.

“Субҳи имрӯз хестанд, бо пайвандон суҳбат карда, гуфтанд, ки саломатиашон хуб нест. Гуфтанд, ки каме хоб мекунам. Пас аз чанд соат дар рахти хоб дар хона ҷон доданд”, – гуфт Диловар Шералӣ.

Диловар Шералӣ гуфт, ки ҷанозаи Ромиш пагоҳ дар Душанбе баргузор мешавад, вале то ҳол макону замони он аниқ нашудааст.

Ба гуфтаи ӯ, барадараш се рӯзи пеш, 3-юми март, ба синни 54 қадам гузошта буд.

Ромиш писари дуюми Лоиқ Шералӣ буд ва солҳо ба тадвину ороиши китобҳо машғул мешуд. Ӯ хатмкардаи Мактаби олии театрии (институти) ба номи Михаил Семёнович Шепкин дар шаҳри Маскав буда, солҳо дар нашриёти “Адиб” фаъолият дошт.

Гуфта мешавад, ки Ромиш Шералӣ меросбари падараш дониста мешуд ва ҳама бойгонии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар дасти марҳум буд.

Ромиш Шералӣ пас аз марги падараш чандин китобҳои шоирро ба чоп расонид ва дар таҳия ва тадвини куллиёти Лоиқ Шералӣ ҳам саҳми бориз дошт.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.