Роҳҳо баста ва дар ҳаракат маҳдудият ҷорӣ мешавад. Суғд ба ташрифи Мирзиёев ва Жапаров омода мешавад

Дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар Суғд ва ташрифи раисони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон баъзе роҳҳои шаҳру навоҳии ин вилоят барои 4 рӯ баста мешаванд. Дар баъзе роҳҳо бошад ҳаракати нақлиёт маҳдуд мегардад. Раёсати ВКД дар вилояти Суғд мегӯяд, мувофиқи нақшаи ҳукумати кишвар, сафари кории меҳмонони олиқадр ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба нақша гирифта […]

Asia-Plus

Дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар Суғд ва ташрифи раисони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон баъзе роҳҳои шаҳру навоҳии ин вилоят барои 4 рӯ баста мешаванд. Дар баъзе роҳҳо бошад ҳаракати нақлиёт маҳдуд мегардад.

Раёсати ВКД дар вилояти Суғд мегӯяд, мувофиқи нақшаи ҳукумати кишвар, сафари кории меҳмонони олиқадр ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст, бино бар ин, аз 29-уми март то 1-уми апрел роҳҳои зерин баста хоҳанд буд:

29 март

– кӯчаҳои марказии шаҳри Бӯстон то даромади ҷамоати Овчӣ-қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,

– шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,

– роҳи мошингарди Хуҷанд-Ғафуров,

– кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон,

– роҳи мошингарди Гулистон-Дадобой Холматов.

 

30 март

– кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон,

– роҳи мошингарди Хуҷанд-Ғафуров,

– кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Раҳмон Набиев, 25-солаги Истиқлолият то минтақаи озоди иқтисодии маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд,

– роҳҳои даромад ба минтақаҳои аввали вилояти Суғд – шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар ҳудуди ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов,

– кӯчаҳои марказии ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,

– дидбонгоҳи Сесангаи шаҳри Бӯстон,

– роҳи мошингарди Конибодом-Деҳмой аз самтҳои шаҳрҳои Исфара ва Конибодом дар ҳудуди ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,

– роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ аз самти ноҳияи Мастчоҳ, шаҳри Истиқлол, шаҳраки Сайҳун ва ҷамоати Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,

– роҳи Дадабой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз самти ноҳияи Ашт ва шаҳри Гулистон.

Роҳҳои мазкур то санаи 31-уми арт марти соли 2025 ба пуррагӣ баста хоҳанд буд.

 

 

31 март

– роҳҳои кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон,

– роҳи сошингарди Хуҷанд-Ғафуров,

– кӯчаҳои маркази шаҳрҳои Бӯстон,

– кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Солеҳ Раҷабов, Раҳмон Набиев, Раҳим Ҷалил, Рифат Ҳоҷиев ва 25 солагии Истиқлолияти шаҳри Хуҷанд.

Дар ин роҳҳо ва роҳҳои ҳамшафати он таваққуф ва ҳаракати мошинҳо қатъиян манъ аст.

 

1 апрел

– роҳҳои кӯчаҳои марказаи шаҳри Гулистон,

– роҳи мошингарди Хуҷанд-Ғафуров,

– кӯчаҳои марказии шаҳрҳои Бӯстон,

– деҳаи Шоҳқадамбулоқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Ин роҳҳо баста хоҳанд буд.

Дар робита ба ин, мақомот аз ронандагон хостаанд, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаркати мошинҳо дар роҳҳои зикршуда бе зарурият ба роҳ набароянд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 31-уми март дар шаҳри Хуҷанд баргузории нахустин нишасти сеҷонибаи раиси ҷумҳурҳои се кишвари ҳамсоя, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар назар аст.

Дар ин нишаст қарор аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев ва Содир Жапаров созишномаи муштарак дар бораи пайванди нуқтаҳои сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро имзо кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.