Ҳукумат беш аз 230 ҳазор сомонӣ қарзи як корхонаро бахшид

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи бахшиши 238 ҳазор сомонӣ қарзи “Раёсати таъмиру сохтмонии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон” қарор ба имзо расонидааст. Дар қарор омадааст, ин қарз аз рӯйи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои то 1 октябри соли 2024 ҷамъшуда ба вуҷуд омада буд. Аз ҷумла 16 ҳазору 678 сомонии он аз ҳисоби андозҳо буда, 221 ҳазору 569 сомонӣ […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи бахшиши 238 ҳазор сомонӣ қарзи “Раёсати таъмиру сохтмонии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон” қарор ба имзо расонидааст.

Дар қарор омадааст, ин қарз аз рӯйи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои то 1 октябри соли 2024 ҷамъшуда ба вуҷуд омада буд. Аз ҷумла 16 ҳазору 678 сомонии он аз ҳисоби андозҳо буда, 221 ҳазору 569 сомонӣ аз ҳисоби фоизу ҷаримаҳо будааст.

Моҳи октябри соли гузашта низ ҳукумат беш аз 33 миллион қарзи як қатор корхонаҳои давлатӣ, аз ҷумла ҶСК “Тоҷик Эйр” (ҳудуди 15,5 млн сомонӣ) ва корхонаи “Кони ангишти Назар-Айлоқ” (зиёда аз 14,8 млн сомонӣ)-ро, ки корхонаи фаръии КВД “Ангишти тоҷик” мебошад, бахшида буд.

Пештар аз ин беш аз 43 миллион қарзи андози КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва 134 миллион сомонӣ қарзи андози корхонаҳои зертобеъи Хадамоти алоқа (ҶСК “Тоҷиктелеком” ва КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг”), ҶСК “Тоҷиктрансгаз”, ҶСК “Суғдиён”, ки ба Агентии захираҳои давлатии моддии назди ҳукумат мансуб аст, бахшида шуда буданд.

Ҳамчунин фоизҳо аз андози ҶСК “НБО Роғун”, ки саҳмиядори асосӣ ҳукумат аст ва ба бисёре аз дигар корхонаҳо низ аз эътибор соқит дониста шуданд.

Ёдрас мешавем, ки Ҳукумат ҳанӯз аввали соли 2019 бо қабули қарор ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода буд, ки барои коҳиши қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҳои муассир роҳандозӣ кунанд. Аз ҳамон замон аз эътибор соқит кардани қарзҳо аз андози корхонаҳои давлатӣ таҷрибаи маъмулӣ шуд.

Аммо коршиносон инро бар зарари иқтисоди кишвар медонанд ва таъкид мекунанд, ки пешниҳоди интихобии имтиёз паёмадҳои манфӣ хоҳад дошт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио